Мадина Назарова ғолиби озмуни «Авто-Бону-2018» гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи Модар бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 3 марти соли 2018 дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунови пойтахт, воқеъ дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе, озмуни «Авто-Бону-2018» доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода тамоми иштирокчиёни озмун ва дар симои онҳо занону модаронро бо иди фархундаашон табрик намуда, иброз дошт, ки «мавқеи зан-модар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардид. Имрӯз занону модарон бо донишу ахлоқи ҳамида дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат саҳми назаррас ва нақши амиқ доранд».
Озмуни «Авто-Бону-2018» бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳолии ҷумҳурӣ ба масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва таҷрибаи бехатар идора кардани воситаи нақлиёт, баланд бардоштани малакаи касбии зан-ронанда ва обрӯю нуфузи онҳо ҳамчун иштирокчии ҳаракат дар роҳ гузаронида шуд. Озмуни мазкур соли чорум аст, ки бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи модар аз тарафи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида мешавад.
Дар озмуни «Авто-Бону-2018» зиёда аз 50 нафар бонувони ронанда, ки дорои малакаи хуби ронандагӣ мебошанд, аз тамоми манотиқи мамлакат ширкат варзиданд. Озмуни мазкур аз рӯи 5 давр, аз ҷумла, «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам», «Донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Рондани автомобил дар Автодром», «Ёрии аввалини тиббӣ» ва «Маҳорати кадбонугӣ» гузаронида шуд.
Ҳакамони озмун ҳам ба намуди ороиши автомобилҳо, ки бахшида ба Рӯзи модар ва фасли баҳор зебу зиннат ёфта буданд ва ҳам донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба таври назариявию амалӣ баҳогузорӣ намуданд.
Ҳамин тавр, тибқи натиҷаи иҷрои шартҳои озмун ба гирифтани ҷойи аввал ва ҷоизаи «Авто-Бону-2018» Мадина Назарова сазовор гардида, ҷойи дуюмро Силсиламоҳ Азимова ва Муътабар Азимова ба даст оварданд. Ҷойи сеюм ба Раҳима Сабзалиева, Барногул Усмонова ва Сурайё Салмонова насиб гардид.
Дар охири озмуни «Авто-Бону-2018» ғолибонро муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода табрик намуда, ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ифтихорнома, Диплом ва туҳфаҳои арзишнок тақдим намуд.























Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






