«МИЛИТСИЯИ МАН – ҲИМОЯТГАРИ МАН!». Ба қабули Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 панҷ сол пур шуд

Март 28, 2018 12:04

«Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд».

Моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт 14 декабри соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» (аз  23 июли соли 2016 Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ») амал мекунад. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд,  танзим  менамояд.

Яке аз сохторҳои муҳими қудратии мамлакат Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти ҳамарӯзаи он бевосита бо шаҳрвандон сурат гирифта, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият, ҳимояи манфиатҳои онҳо тадбирандешӣ менамояд.

5 сол пеш, 19 марти соли 2013 бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020 ва баъди як соли он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014   Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 тасдиқ шуданд, ки дар баробари дигар самтҳо ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа низ яке аз мақсадҳои асосии онҳо ба шумор меравад.

Дар робита ба тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва баррасии онҳо роҳбари Маркази матбуоти дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ  изҳори назар намуд:

— Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар рӯзи шанбеи ҳафтаи аввали моҳ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ва шанбеҳои дигар пай дар пай аз тарафи муовинони Вазир ба роҳ монда шуда, инчунин шаҳрвандон- муроҷикаткунандагонро рӯзҳои чоршанбе муовинони Вазир ба таври иловагӣ қабул мекунанд.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат  ғайр аз он, ки шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ  фаъолият доранд, нозирони минтақавӣ низ муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ мекунанд, зеро дар ин самт аз ҷониби котиботи ВКД лоиҳаи дастурамал дар бораи тартиби баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ, инчунин ташкили қабули шахсӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зерсохтори он таҳия ва тасдиқ гардида, барои истифодаи хизматӣ ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда шудааст.

Ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, соли 2017 ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳазору 525 муроҷиат ворид гардиданд, ки  аз онҳо 3 ҳазору 483 адад тавассути мактуб ба котиботи Вазорати корҳои дохилӣ, 3 ҳазору 772 адад тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221.21.21), телефони мадад (19.19) ва 270 адад тавассути сомона, яъне муроҷиати онлайнӣ мебошанд. «Аз шумораи умумии муроҷиати шаҳрвандон  зиёда аз 90 фоизашон тасдиқ ва баррасӣ карда шуданд»,- илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Яке аз меъёрҳои муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» он аст, ки дар мақомоту ташкилоти дахлдор маҳал, рўз ва соати қабули муроҷиаткунандагонро роҳбарони он муайян мекунанд. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда уҳдадоранд дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиаткунандагонро шахсан қабул намоянд.

Дар ин самт роҳбари Маркази матбуоти дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин илова намуд: «Дар ВКД аз ҷониби роҳбарият қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, соли 2017 аз ҷониби роҳбарият 1 ҳазору 182 нафар қабул ва муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  дар бисёр ҳолатҳо онҳо аз вазорат розӣ рафтанд».

Ба гуфтаи полковник Умарҷони Эмомалӣ, бештари муроҷиатҳое, ки ба ВКД ворид мешаванд, барои гирифтани шиноснома, зимни тафтиши парвандаҳо мунсифона баррасӣ намудани  ҳолатҳои ҷиноятӣ, ки боиси нофаҳмӣ ва норозигӣ мегарданд, ҳолатҳои қаллобӣ, кор дар мақомоти корҳои дохилӣ ва таҳсил дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, ки ин шаҳодат аз он аст, ки амалигардии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 назаррас аст ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти коҳои дохилӣ дучанд гардидааст.

«Имрӯз шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ бештар дар тамос шуда, муроҷиатҳо мекунанд, ки ин аз боло рафтани маърифати ҳуқуқии онҳо ва ҳамкории зичи кормандони мақомот бо ҷомеа мебошад. Зеро милитсия барои ҳамагон хизмат мекунад ва ҳама бояд милитсия бошанд. Дар ин самт мо низ худро канор нагирифта, дар  ҳолатҳое, ки муроҷиати шаҳрвандон фаврӣ ва таъхирнопазир бошанд, дарҳол кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба маҳалли ҳодиса сафарбар менамоем. Ин яке аз роҳҳои беҳтар гардонидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ислоҳоти милитсия мебошад»,-илова намуд роҳбари Маркази матбуоти дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умарҷони Эмомалӣ.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони боварӣ (19.19) амал мекунад ва новобаста аз он, ки мушкилот дар кадом самт аст, масъулин ба он расидагӣ карда, ба таври таъҷилӣ шаҳрвандонро ба сохторҳои дахлдор пайваст мекунанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

 АМИТ «Ховар»

Март 28, 2018 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст