“МУҲАББАТ МЕРАСОНАД ОБИ НАВРӮЗ…”. Дар Бадахшон айёми Наврӯз духтарон барои кушодани бахти худ сари чашма мераванд…

Март 20, 2018 09:42

ХОРУҒ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷашни  бостонии Наврӯз  барои халқи тоҷик расму ойини   гуногунро ба мерос гузоштааст. Дар ин рӯз дар канори  ҷӯй ба рӯйи ҳамдигар пошидани об, инчунин  аз равзани хона  пошидани  он,   аз ҷумлаи  ин суннатҳо маҳсуб мешаванд, ки  дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ ҳанӯз побарҷост.  Дар ин  мавзӯъ   Раиси  дар   Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон    будаи Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон   Лаълҷубаи Мирзоҳасан ба хабарнигори АМИТ “Ховар”   андешаҳояшро чунин иброз дошт:

— Мардумони ориётабор нисбат ба  об  эҳтироми   хосса   доштанд, зеро  амиқ медонистанд, ки   зиндагӣ бидуни он дар рӯи замин ғайримкон аст.  Ҳанӯз ҳам мардум ба об чун унсури поку муқаддас муносибат мекунанд ва намегузоранд, ки касе онро ифлосу олуда созад. Масалан, дар миёни мардуми тоҷик  як  одат аз қадим то имрӯз роиҷ аст.  Агар касе шаб хоб бинад, хоҳ хоби хуб бошад хоҳ бад,  онро бояд аввал   ба об  гӯяд. Агар касе  дар бораи хоби худ  қисса карданӣ   бошад, ҳатман ба    ӯ  маслиҳат медиҳанд, ки  хобатро ба об гӯй, зеро фоли нек дорад.  Дар тафаккури одамон ин андеша  нақш бастааст, ки   об қудрати шустан ва аз байн бурдани ҳама гуна  зиштиҳоро  дорад.

Дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз мардуми  баъзе аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон  як одати қадима доранд.  Онҳо ба боми хона баромада,   ба дохили хона об  мепошиданд. Ин расмро  сокинони водии Вахони ноҳияи Ишкошим ҳанӯз ҳам ба ҷо меоранд. Субҳи барвақт сокинони ин водӣ ба чашмаҳои куҳӣ баромада, бо зарфҳои пур аз об, сангрезаҳои  аз даруни чашма  гирифтаву  бо  сабзаҳои навдамидаи  аз канори он  ҷамъовардаашон   ба хона бармегарданд. Пас аз он,  ба боми хона баромада, сангрезаҳо ва майсаҳоро аз равзанаи хона ба  пойгаҳи он  мепартоянд. Баъди се рӯз онҳоро аз пойгаҳ ҷамъ намуда, ба решаи дарахтон мепошанд. Шахсони аз ин суннат ва таърих огоҳ онро  чунин ташреҳ медиҳанд. Мардум чашмаро   чун рамзи манбаи ҳаёт, сабзаро  равнақи  рӯзгор, сангро  нишони бақои умр, обро  неруи зиндагӣ ва дарахтро  ифодагари пойдории  ҳаёт арзёбӣ  мекунанд. Мо дар адабиёти шифоҳӣ ба маънои рамзӣ истифода бурдани ин  далелҳоро борҳо мушоҳида кардаем.Чунончӣ:

Хуш омад, боз бар ин мулк Наврӯз,

Сиёҳикуш бувад наврӯзи шабсӯз.

Ба рӯи ҳам бипошем қатраи об,

Муҳаббат мерасонад оби Наврӯз.

Дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз ҳануз ҳам ҷавонони ба балоғат расида, сари рудхонаи кӯҳӣ рафта, ба сару рӯи ҳамдигар об мепошанд, гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд, кибру ғурурро аз дил мезудоянд ва дасти  оштӣ ба сӯи ҳам дароз мекунанд. Зеро ойини  асосии Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар буда, барои  одамон  имкони   аз нав оғоз намудани зиндагии   пурсаодатро  фароҳам меорад.

Шояд дар гузашта чунин расму ойини ибратомӯз  дар дигар манотиқи кишвар низ вуҷуд дошт, аммо бо мурури замон аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Хуш аст, ки ин расму одат дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим боқӣ мондааст.

Дар баъзе аз деҳоти вилояти Бадахшон дар рӯзи Наврӯз  ҳанӯз ҳам духтарон таомҳои дӯстдоштаашонро пухта,  барои кушодани бахти худ   сари чашма мераванд. Маълум нест, ки бахташон кушода мешавад ё не, аммо оби чашма ҳамасола ба садҳо қалби духтарони ҷавон умед мебахшад.

Маврид ба зикр аст, ки қабули  ташаббусҳои созандаи  Пешвои миллати мо,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби СММ  вобаста ба  масъалаҳои об  аз  эҳтироми   ниёгони мо  нисбат ба ин  неъмати бузурги табиат шаҳодат дода,   бори дигар ҷомеаи моро вазифадор менамояд, ки    ҳар қатраи онро  мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

 

Март 20, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд