«Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир: ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ»-конфронси ҷумҳуриявӣ
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони вазорату сохторҳои дахлдору ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавзӯи «Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир-ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар конфронс муовини раиси Бонки миллӣ Ҳамидулло Машрабзода зикр намуд, ки Соли ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстии насли созанда гардида, дар ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.
«Имрӯз иштироки фаъоли ҷавонон дар барномаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву созандагӣ боиси ифтихор ва қобили таҳсин мебошад. Дар ин раванд ҳамзамон зарур аст, ки ҷавонон дар самти мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат доимо омода бошанд. Дар баробари амалу ташаббусҳои созанда, муаррифии дастовардҳои илмиву эҷодӣ таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд»,-гуфт Ҳамидулло Машрабзода.
Ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки дастгириву ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд нашудааст. Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр гардидааст, «ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».
Дар ҷамъомад вобаста ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир, фарогирии ҷавонон бо таҳсилот ва шуғл, муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир — ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар мамлакат, омори муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ, интихоти касб дар ҷомеаи муосир миёни ҷавонон, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии он сухан гуфтанд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






