Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Ширкати “Боинг”

Март 21, 2018 21:29

ДУШАНБЕ, 21.03.2018, /АМИТ «Ховар»/. 21 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка намояндагони Ширкати “Боинг” — ро ба ҳузур пазируфтанд.

​Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд.

​Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунад.

Мулоқот бо роҳбарияти Ширкати “Боинг” 21.03.2018

Март 21, 2018 21:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд