Музаффар Ҳусейнзода бо Петер Сийярто роҷеъ ба густариши самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврали соли 2018 дар ш. Будапешт мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Венгрия Петер Сийярто баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба таҳким ва густариши самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд.
Ҳамсуҳбатон дар мавриди дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои кишварҳояшон дар ҳошияи СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
Ба мақсади идомаи муколамаи созанда дар сатҳҳои гуногун Венгрия омодагиашро ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои байналмилалие, ки имсол бо ибтикори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, изҳор кард.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






