«Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ»-конфронси илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва як зумра ҳунарҳои дигари мардумӣ, ки солҳои охир дар давлати азизамон рушд мекунанд, заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ин нукта дар конфронси илмӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ», ки имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иштирокдорони ин конфронс, бахусус занонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, иброз дошт ки «вақте сухан дар бораи мондагорӣ ва ҳадафҳои баланди инсонӣ доштани суннатҳо ва ҳунарҳои мардумӣ меравад, набояд фаромӯш кард, ки пояндадорони онҳо дар ҳама давру замон занону модарони гиромиамон ба ҳисоб мераванд. Бонувони тоҷик, ки зотан эҷодкору ҳунарманданд, ин ҳама оину суннатҳоро на фақат зинда нигоҳ доштанд, балки эҷодкорона пайваста такмил дода, ба он соҳибзавқона сифатҳои нав ба нав зам кардаанд».
Зикр шуд, ки имрӯз сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ роҳ кушода, имконияту майдони фарох ба вуҷуд овардаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои модарон ва бонувони тоҷик низ эҳёи тоза ёфта, дар некӯаҳволии мардуми мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳамзамон рушду тарғиби ҳунарҳои мардумӣ саҳми бориз мегузоранд.
Ҳамчунин дар кори конфронс иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Саҳми Мукаррама Қаюмова дар рушди ҳунари зардӯзӣ ва мактаби эҷодии ӯ», «Таносуби гендерӣ дар касбу ҳунарҳои анъанавӣ» ва «Ороиши ғизоҳо-ҳунари нави бонувон» сухан гуфтанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






