Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» дар «Кохи Борбад» идома дорад

Март 30, 2018 17:17

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018», ки дирӯз оғоз гардид, идома дорад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31 марти соли равон  дар  Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и Душанбе  сурат мегирад.

Аз Палатаи савдо  ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро дар  бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизоти соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук,  сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд.

Март 30, 2018 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд