Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо Натали Грисбек мулоқот намуд

Март 6, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо хонум Натали Грисбек 2 март доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Намояндаи доимии Тоҷикистон иттилооти муфассалеро оид бо фаъолияти ҳамарӯзаи давлати мо дар бахши муборизаи муваффақ ва мунтазам бар зидди ҳар гуна зуҳуроти ин падидаи шум ба намояндаи воломақоми Парлумони Аврупо манзур  кард. Суҳбати доманадор пиромуни зарурати ҳамкории босамари ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.

Зимни мулоқот масоили марбут ба ширкати Парлумони Аврупо дар конфронси қарибулвуқӯъ дар мавзӯи «Мубориза алайҳи терроризм ва радикализм», ки баргузориаш 3-4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.

 

 

Март 6, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад