Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон иштирок намуд

Март 1, 2018 15:19

ДУШАНБЕ, 1.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода иштирок намуд.

Тавре аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба имконияту мушкилот дар фаъолият ва ҳамкории минтақавии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ, нақши ҳамкории минтақавӣ дар пешбурди фаъолияти ниҳодҳои миллӣ дар асоси принсипҳои Париж, нақш ва имконияти ҳамкории сеҷонибаи  ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи Рушди СММ дар пешрафти ҳуқуқи инсон дар минтақа баррасӣ карда шуданд.

«Роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият бахшидани ҳамкории ниҳодҳои миллиро дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, кӯдакон, шахсони дорои маъюбият, омӯзиши таҷрибаи механизмҳои миллии пешгирикунанда зарур шумориданд»,-илова намуд манбаъ.

Маврид ба ёдоварист, ки ба роҳ мондани ҳамкории доимии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои табодули таҷриба, баланд бардоштани касбияти кормандони ниҳодҳои мазкур ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

 

 

Март 1, 2018 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад