Навид аз Парлумон: Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро тасдиқ намуд. Тибқи санади мазкур минбаъд шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳуқуқ доранд, ки ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
Тавре аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни баррасии санади мазкур муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иброз дошт, ки ин Созишнома аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни ду давлати дӯсту ҳамсоя ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баҳри танзими ҳуқуқии тартиби мусофирати мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони ин кишварҳо ба имзо расидааст.
Мавриди зикр аст, ки моддаҳои 5-9-и Созишномаи мазкур тартиби додани раводидҳои бисёркаратаро ба муҳлати то 12 моҳ барои ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки боркашонии автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, ба танзим медарорад. Имзои Созишномаи мазкур ва дар як муддати кӯтоҳ мавриди амал қарор додани он боиси рафтуои бемамонияти шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар гардида, ҳамзамон ба гардиши муомилоти молҳои ниёзи мардум мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзоев, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, ба имзо расид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






