Номи кӯчаҳои «Ташкентская», «Варзобская», «Варзоб ГЭС-и боло», «Московская» ва «Тунис»-и шаҳри Душанбе иваз гардид

Март 16, 2018 18:21

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем,  дар  Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки 15 марти соли равон  баргузор гардид,      Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи кӯчаи «Ташкентская»-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи «Тошканд», кӯчаи «Варзобская»-ро ба номи «Варзоб», кӯчаи «Варзоб ГЭС-и боло»-ро ба номи «Шаббода»,  кӯчаи «Московская»-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи «Москва», кӯчаи «Тунис»-и ноҳияи Синоро ба номи «Хоразмӣ» иваз кард.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  ба имзо расидаанд, ки  тибқи қарорҳои мазкур   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ,  Сино ва Фирдавсӣ  вазифадор гардидаанд, ки  бақайдгирии истиқоматкунандагони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар ин кӯчаҳо  нишонаҳои марбутаро насб созанд.

Мавриди зикр аст, ки иҷрои қарорҳои мазкур ба зиммаи раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе гузошта шудаанд.

 

Март 16, 2018 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад