ОБҲОИ ТОҶИКИСТОН ШИФОБАХШАНД. Даҳсолаи нави об ягона платформаи бузурге мебошад, ки ҷаҳониён дар доираи он тамоми мушкилоти соҳаи обро ҳал хоҳанд кард

Март 1, 2018 11:38

«Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

 ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда,  саросари кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад, ки аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд.  Об манбаи ҳаёт  ва ҷузъи  асосии рушди устувори инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар бисёре аз кишварҳои олам мардум аз норасоии оби тоза ва ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Мутаҳид  оид ба мушкилоти вобаста ба об  суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкории зич даъват намуданд.  Бояд зикр намуд, ки  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби  Маҷмааи умумии СММ қабул гардид. Ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббус, аз як тараф ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои рушди устувор бошад, аз ҷониби дигар эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад.

Обро сарчашмаи ҳаёт, наҷотбахши табиат ва асоси саломатии инсон низ арзёбӣ мекунанд.

Доир ба нақши об дар саломатии инсон ва хусусияти шифобахшии обҳои Тоҷикистон мухбири АМИТ «Ховар» бо номзади илми тиб, мудири шуъбаи бемориҳои дили  Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҳалима Рофиева  ҳамсуҳбат шуд.

«Об яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳиму ҳаётии сайёра буда, омили асосии мавҷудияти ҳаёт ба шумор меравад. Об дар зиндагии ҳар як инсон  барои истеъмолу тозагӣ ва таъмини солимии онҳо истифода бурда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обҳои минералии шифобахш зиёд буда ба саломатии инсон фоидаи калон доранд»,-гуфт Ҳалима Рофиева.

Ба зикри  мусоҳиб, дар ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои табобатӣ зиёданд, ки аз  обҳои минералӣ бой мебошанд. Оби  минералии истироҳатгоҳи табобатии «Хоҷаоби гарм» ба бемориҳои    дил, системаи рагҳои  хунгард, торҳои асаб, шуш ва  пӯст шифо мебахшад.  Ҳамчунин истироҳатгоҳи табобатии «Шоҳамбарӣ»,  ки он манбаи оби минералии ошомиданӣ мебошад, барои системаи узвҳои ҳозима, ҷигар, роҳҳои талхадон, ғадуди зери меъда тавсия дода мешавад. Ба ғайр аз ин оби минералии истироҳатгоҳи «Гармчашма», ки дар ноҳияи Ишкошим воқеъ  мебошад,  ба нафарони   гирифтори бемории пӯст кумак мерасонад. Инчунин истироҳатгоҳи «Оби гарм» ки дорои радон аст, барои шахсоне, ки ба бемории узвҳои нафаскашӣ гирифторанд,   тавсия дода мешавад.

Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки обҳои  шифобахше, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, аз элементҳои биокимиёвӣ,  менералҳо, калий, магний,  натрий ва  калсий бой ҳастанд ва  ба организми инсон фоидаи калон доранд. Ба ғайр аз ин, дар таркиби обҳои минералӣ  хлор, карбонати натрий, сулфатҳо, радон, оҳан, бром  ва ёд низ мавҷуданд, ки инҳо бештар ба  шахсони гирифтори бемории камхунӣ тавсия дода мешаванд.

Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти аҳли башар барои фароҳам овардани шароити зисти инсон, шустушӯ,  омода намудани  ғизо ва   муҳити солими зист  мавқеи хосса дорад. Айни замон ҳар як сокини мамлакат вобаста ба имконияти мавҷуда дар як шабонарўз аз 50 то 360 литр оби ошомиданӣ истифода менамояд. Мувофиқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, имрўз 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла, 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва мувофиқан 79,8%, 18,2% ва 0,2% аҳолӣ бо шабакаи фазлаоб ва шароити хуби санитарӣ таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ин ҳолат ҳатто дар давлатҳои пешрафтаи  Аврупо низ дида мешавад. Вале вазъият дар баъзе аз мамлакатҳо  аз сабаби тағйирёбии иқлим, хушксолӣ,  афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ, ҳамчунин надоштани дастрасӣ ба оби   ошомидании босифат нигаронкунанда мебошад.

Ба иттилои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ҳамасола  дар ҷаҳон беш аз 361 ҳазор нафар кӯдакони то 5-сола аз надоштани  дастрасӣ ба оби тоза мефавтанд.

Об асоси ҳаёти инсон аст ва иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои  рушди устувор» дар марҳалаи кунунӣ хеле зарурист. Ин иқдом ягона платформаи бузурге мебошад, ки ҷаҳониён дар доираи он тамоми мушкилоти соҳаи обро ҳал хоҳанд кард.

 Ибодат ДАВЛАТОВА,

АМИТ «Ховар»

Март 1, 2018 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд