ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз, 7 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шабона 8-13 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






