ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳаво боронӣ шуда, туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 03.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 3 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, шабона ва рӯзона боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






