ОГОҲИИ ОБУҲАВОШИНОСОН: боронҳои шадид ва раъду барқ эҳтимоли омадани селро дар пай доранд
ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносӣ аз якбора номусоид гардидани ҳавои ҷумҳурӣ, шиддатёбии борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи зиёд хабар медиҳад.
Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзеи дигар ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддатёбии вазиши бод аз ҷониби ғарб то 19-24 метр дар як сония дар назар аст.
Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин гуна вазъи обу ҳаво сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






