БАР САРЗАМИНИ МО БАҲОР ОМАД! Ҳавои рӯзи аввали баҳор дар Тоҷикистон боронӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз-дар рӯзи аввали баҳор дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.
Имрӯз, 1 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти шарқ шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






