Парлумони Тоҷикистон Шартномаи шарикии стратегии байни Тоҷикистону Туркманистонро тасдиқ кард

Март 7, 2018 09:31

ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба тасвиб   расониданд.

Зикр шуд, ки  санади  мазкур бо дарназардошти умумияти таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ва бар асоси эътирофи тарафайн ва эҳтироми ҳуқуқҳои истиқлолияти ҳар як давлат дар амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ ба имзо расида, он ба талоши роҳандозии муносиботи  дуҷониба дар сатҳи сифатан нави мувофиқ ба иқтидори ҳамкории ду давлат мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон моҳи ноябри соли 2017 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Март 7, 2018 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд