ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ХАЛҚИ МО ҲАМСОЯИ НЕКРО ЧУН АТОИ ХУДОВАНД ҚАБУЛ ДОРАД»
ДУШАНБЕ, 10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои мо бояд нишони эҳтиром ба хотири аҷдодон ва замина барои ҳаёти осоишта ва хушбахтонаи насли ояндаи халқҳоямон гардад.
Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ», ки дирӯз дар Кохи Борбад ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, баён доштанд.
Сарвари давлат зимни ин суханронӣ, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «шоири дӯстдоштаи мо Мирзо Турсунзода дуруст фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт».
Пешвои миллат бо изҳори боварӣ зикр карданд, ки аз ин сафари таърихии муҳтарам Шавкат Миромонович марҳилаи сифатан нави муносибатҳои мутақобилаи ҳарду давлат оғоз ёфта, он барои рушди минбаъдаи ду кишвар заминаи устувор мегузорад. Ва аз ҳама муҳим, барои рафтуомади шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки пайванди робитаҳои ҳазорсолаи хешутаборӣ доранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






