Рабеъ Сӯфизода, муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ: «Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳатман риоя кунед!»

Март 30, 2018 16:41

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз сар задани сӯхтор дар Маркази савдои «Зимняя вишня»-и шаҳри Кемеровои Федератсияи Россия дар як қатор кишварҳои ҳамсоя тадбирҳои пешгирӣ кардан аз сар задани сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои нохуш, иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба мавзӯи мазкур ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, полковники хизмати дохилӣ Рабеъ Сӯфизода зимни суҳбат изҳор кард, ки ҳайати роҳбарикунанда ва хизматчиёни раёсатҳо, қисмҳо ва шуъбаҳои Сараёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.

АМИТ «Ховар»: Ҳолати омодабоши хизматчиёну кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонониро ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Р.Сӯфизода: Ҳар сол, қабл аз оғози соли нав Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ нақшаи чорабиниҳоро барои соли оянда таҳия ва тасдиқ намуда, фаъолияти худро тибқи он дар ду самт роҳандозӣ мекунад. Пеш аз ҳама фаъолияти Сарраёсат баҳри пешгирӣ намудани сар задани ҳодисаҳои сӯхтор равона шудааст. Бо ин мақсад дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву суҳбат ва санҷишҳо гузаронида мешаванд. Самти дигари фаъолият баҳри баланд бардоштани касбияти кормандону хизматчиён равона шудааст. Ҳар ҳафта як маротиба дар ҳамаи зерсохторҳои Сарраёсат бо ҳайати шахсӣ тибқи нақшаи тематикӣ оид ба омодагиҳои ҷисмонӣ, муҳорибавӣ, тарзи бартараф намудани паҳншавии сӯхтор дар ин ё он иншоот машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Таъминоти Сарраёсат, ҳолати бинову иншооти хизматӣ ва мошину таҷҳизоти махсуси оташнишонӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Р.Сӯфизода: Баъд аз сар задани сӯхтор дар хона-интернати «Чорбоғ», ки боиси фавти кӯдакон шуда буд (соли 2006) ва сӯхтори бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 2007) бо супориши роҳбарияти олии мамлакат ду Барномаи махсус барои беҳтар намудани соҳа қабул гардид. Дар натиҷаи зина ба зина амалӣ намудани барномаҳои мазкур давоми даҳ соли охир заминаҳои моддӣ-техникии хадамоти оташнишонии мамлакат ба таври бесобиқа беҳтар гардид. Ҳоло омодагии ҷисмонӣ, ирода ва рӯҳияи хизматчиёну кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад. Ҳар сол аз 8 то 10 мошини нави хизматии соҳавӣ барои қисмҳои Сарраёсат дастрас карда мешаванд. Имрӯз дар парки автомобилии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ягон мошин ва ё таҷҳизоти кӯҳнаи пешина нест. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки қисмҳои Сарраёсат ҷойгиранд, бинову иншооти хизматӣ, дидбонгоҳҳо, обанборҳо, пойгоҳҳои тамринӣ пурра таъмиру навсозӣ ва ҳамаи шароит баҳри гузаронидани машқҳои тактикии амалӣ муҳайё шудаанд. Дар ҳамаи қисмҳои Сарраёсат майдонҳо ва толорҳои варзишӣ фаъолият мекунанд, ҳамчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мутахассисони касбӣ ва истифода аз муосиртарин навгониҳои технологӣ гузаронида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар шаҳри Душанбе биноҳои истиқомативу маъмурии бисёрошёна бунёд шуда истодаанд, ки албатта, симои пойтахтро зебову ҷаззоб мекунанд. Баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар ин биноҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?   

Р.Сӯфизода: Дар шаҳри Душанбе 6 қисми хадамоти давлатии оташнишонӣ: ду қисми хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Сино, ду қисми хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, як қисми хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва як қисми хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият мекунанд. Маҳз ҳамин сол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бори аввал нахустин нақлиёти оташнишонии нардбондор аз Федератсияи Россия дастрас карда шуд, ки нардбони он то 60 метр боло мебарояд ва  чунин нақлиёт то ҳоло дар баъзе кишварҳои минтақа вуҷуд надорад. Мутахассисони корхонае, ки мошини мазкурро барои шаҳри Душанбе сохтанд, давоми ду ҳафта бо хизматчиёну кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро ҷиҳати дуруст истифода бурдани ин нақлиёти махсус баргузор намуданд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, мо дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе, дар яке аз биноҳои баландошёна бо истифода аз ин мошини махсус машқҳои амалӣ гузаронидем, ки зимни он хизматчиён амалиёти хомӯш кардани оташ дар ошёнаи 23-юмро машқ карданд.

АМИТ «Ховар»: Санҷишҳо аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба кадом тартиб ва дар кадом асос гузаронида мешаванд?

Р.Сӯфизода: Ҳама гуна санҷишҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида гузаронида мешаванд. Вале мехоҳам таваҷҷуҳ ба ду ҳолат равона карда шавад. Дар ҳамаи вазорату кумитаву идораҳои давлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, иншооти махсуси муҳим, НБО-ҳо, зеристгоҳҳои баландшиддат ва дигар иншооте, ки мақоми давлатӣ доранд, санҷишҳо мунтазам, дар ҳолати зарурӣ пайваста гузаронида мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо пешгирӣ кардани ҳолатҳои нохуш мебошад. Давоми даҳ рӯзи охир кормандони мо, хусусан шабона, ба беморхонаҳо, интернатҳо, дигар иншооте, ки одамон қарор доранд, рафта, аз ҳолати зиддисӯхторӣ хабар мегиранд ва дар дафтарҳои навбатдорӣ қайдҳо мегузаронанд. Вале ҳамин гуна санҷишҳоро мо наметавонем дар бино ва иншооти моликияти хусусӣ гузаронем. Бароятон як мисол меорам. Дар таҳхонаҳо ва ё биноҳои ошёнаи якуми баъзе хонаҳои истиқоматӣ қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ фаъолият мекунанд. Дар ин ошхонаҳо истифодаи гази моеъ қатъиян манъ аст. Дар баробари ҳамин мақомоти хадамоти оташнишонӣ танҳо дар давоми ду, се ва ё панҷ сол як маротиба (вобаста аз дараҷаи хатарнокӣ) ҳуқуқ дорад ҳолати зиддисӯхтории ин муассисаи хусусиро санҷад. Илова ба ин, тибқи қоида, мақомоти оташнишонӣ вазифадор аст, ки 5 рӯз қабл аз санҷиш муассисаи хусусиро ба таври хаттӣ аз оғоз шудани санҷиш огоҳ кунад. Дар давоми ин панҷ рӯз соҳиби муассиса  баллонҳои газеро, ки истифода мебарад, аз дохили ошхона берун мекунад, аз дигар муассисаҳои ҳамшафат таҷҳизоту олоти сӯхторхомӯшкуниро иҷора гирифта, камбудиҳои мавҷударо «бартараф» месозад. Табиист, ки дар ин маврид мақомоти хадамоти оташнишонӣ наметавонад омилҳои сар задани сӯхторро дар санад қайд намояд. Яъне, қонунгузорӣ ба хотири дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ як қатор имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст. Ҷавобан ба ин соҳибкорону соҳибмулкони марказҳои савдо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, марказҳои истироҳативу фароғатии кӯдакона, дигар муассисаҳои вақтгузаронӣ, бозорҳои хусусӣ, фурӯшгоҳҳо, хулоса ҳамаи иншоот ва бинои шакли моликияташон хусусибуда ба масъалаи пешгирӣ аз сӯхтор бояд аз рӯи виҷдон муносибат кунанд. Масъулиятшинос бошанд, ҳаёти инсонҳоро зери хатар нагузоранд. Зеро кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ танҳо нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро, ки дараҷаи хатарнокиашон баланд аст, дар як сол ду маротиба аз санҷиш мегузаронад, дар дигар иншооти бахши хусусӣ дар ду сол ва ё се-панҷ сол як маротиба санҷишҳо гузаронида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар ҳолати сар задани сӯхтор дар ин ё он гӯшаи шаҳр фақат ҳамон қисми вобасташуда баҳри бартараф кардани сӯхтор сафарбар карда мешавад?

Р.Сӯфизода: Нее албатта. Дар Сарраёсат хадамоти навбатдории оташнишонӣ 24 соат дар шабонарӯз фаъолият мекунад, ки дар он танҳо афсарони баландрубта навбатдорӣ мекунанд. Вазифаи мошинҳои аввалине, ки ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда мешаванд, пеш аз ҳама, роҳ надодан ба паҳн шудани майдони сӯхтор мебошад. Агар майдони сӯхтор кам бошад, пас ҳар ду мошин фавран онро хомӯш мекунанд, вале дар сурати калон будани майдони сӯхтор вазифаи аввалин роҳ надодан ба паҳншавии сӯхтор аст. Бинобар ҳамин баробари расидан ба ҷойи ҳодиса сардори қисм ба роҳбари хадамоти навбатдорӣ вазъиятро арз мекунад. Тамоми мошинҳо бо радиоалоқаҳо ва телефонҳои мобилии хизматӣ таъмин ҳастанд. Ҳамаи мошинҳо бо сад литр сӯзишворӣ, об ва дигар маводи кафккунанда таъмин мебошанд. Дар ҳолати зарурӣ мутобиқи фармоиши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мошинҳои обкашони муассисаҳои истифодабарии роҳҳо, техникаҳои махсуси идораҳои сохтмонӣ ва роҳсозӣ барои бартараф кардани сӯхтор сафарбар карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Кадрҳои соҳаи оташнишонӣ дар куҷо тайёр карда мешаванд?

Р.Сӯфизода: Факултетҳои 3 ва 5-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ кадрҳо тайёр мекунанд. Мехоҳам хабари хуш расонам, ки имсол Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ кушода мешавад. Албатта, ин дар таърихи хадамоти оташнишонӣ ҳодисаи фаромӯшнашаванда гардида, барои боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои кадрии соҳаи мазкур мусоидат мекунад.

АМИТ «Ховар»: Ягон гуфтании дигар доред?

Р.Сӯфизода: Албатта, фалокат аз таги по мехезад ва ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла, сӯхтор ғайри хоҳиши инсонҳо ба амал меоянд. Кормандони хадамоти оташнишонӣ дар баробари иҷро намудани уҳдадориҳои хизматии худ ҳамчунин муносибати дилсӯзона ва бовиҷдонаи мутасаддиёнро тақозо мекунанд. Сабабҳое, ки боиси фоҷиа дар Маркази савдои «Зимняя вишня» гардиданд, бештарашон омили инсонӣ доранд. Бинои ин Маркази савдо қаблан ҳамчун сехи истеҳсолӣ истифода мешуд, яъне таъйиноти он барои Маркази савдо ва ҷойи фароғатӣ набудааст. Бо ҳамин сабаб се ошёнаи он тиреза надошт, роҳравҳо ва зинаҳои дохилии он барои шумораи зиёди одамон пешбинӣ нашуда буданд. Тибқи талабот марказҳои савдо бояд роҳраву зинапояҳои васеъ ва барҳаво дошта бошанд, ду-се баромадгоҳҳои иловагӣ ва дар ҳамаи ошёнаҳо тирезаҳо бошанд, ки ин тирезаҳо дар ҳолати сӯхтор нақши баромадгоҳи иловагиро иҷро мекунанд. Тавре ки мебинем, танҳо хунукназарӣ ва риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор сабаби  сар задани фоҷиа шудаанд…

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбати самимиву ошкоро.

Р.Сӯфизода: Бори дигар ба ҳамватанонамон муроҷиат мекунам: қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳатман риоя кунед!

А.САНГЗОДА

М.МУҲИДДИНҶОНОВ,

АМИТ «Ховар»

Март 30, 2018 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»