Ректори ДДХ Ҷамшед Ҷуразода: «Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар таърихи тамаддуни ҳарду кишвар аст»
ХУҶАНД, 20.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре огаҳӣ дорем, 9-10 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод, ки он ба марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон поя гузошт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар ин замина вобаста ба ин воқеаи таърихӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед ҶУРАЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иқдоми зеринро ҳамчун самараи нек ва дурбинонаи сиёсии сарварони ду давлати ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ намуда, андешаҳои худро вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни ин рӯйдоди таърихӣ баён дошт.
-Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва мулоқоти мавсуф бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихӣ дорад. Зеро он дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифу тамаддунофар, фарҳангсолору меҳанпарасти тоҷик рўйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб шуда, ягон фарди бедордилу меҳанпарастро наметавонад бетараф гузорад. Зеро ин аввалин сафари расмии давлатии роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон ба имзорасии санадҳои зиёди дуҷониба ва нияти дар сатҳи стратегӣ ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду мамлакат, ки чанде пеш мо шоҳиди он будем, барои ояндаи дурахшон, инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ду ҷониб заминаи устувор хоҳад гузошт.
Бояд гуфт, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофиву таърихӣ ва фарҳангии ин кишварҳои ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Чун роҳбари муассисаи таълимӣ умед дорам, ки раванди рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, ҳамчунин дар соҳаҳои илму маориф низ қавитар хоҳанд гашт.
Бо боварии том гуфта метавонам, ки он созишномаҳои дуҷонибае, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расиданд, барои беҳбудии зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳанд кард. Зеро онро бе иштибоҳ оғози таҳаввулоти ҷиддӣ, гардиши куллӣ ва рўзи тавлиди муносибатҳои нави ҳамкорӣ миёни ду давлати дўсту ҳамсоя метавон ном бурд.
Ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои доимии шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз, кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳарду кишвар буда, ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ҷониби дигар, кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бардошта шудани раводид боз як иқдомест баҳри бештар гардидани шумораи меҳмонону сайёҳон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷумҳурии мо.
Ҳамзамон дар қатори дигар масъалаҳо, баррасӣ шудани масъалаи бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, яъне НБО-и «Роғун», тақсим ва истифодаи захираҳои обӣ низ минбаъд боиси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии иқтисодии кишварҳои ҳамсоя мегардад.
Бояд гуфт, ки умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намудаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ҳамкории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, хосатан Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд гуфт, ки имрӯз донишгоҳ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Навоӣ ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар мавриди ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ низ ҳамкории дуҷониба ба роҳ мондааст. Инчунин дар донишгоҳ факултаи забон ва адабиёти ӯзбек низ фаъолият дорад, ки дар он на танҳо ӯзбекони муқимии вилоят, ҳамзамон аз вилоятҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ таҳсил доранд.
Ба андешаи ректори донишгоҳ, ба роҳ мондани робитаҳои дўстӣ, дипломативу иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди тарафайн бо кишварҳои ҳамсоя аз рўзҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Маврид ба зикр аст, ки дарвоқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст.
Тақвият ва густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамеша як бахши калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, маҳз бо азму пайкори бемисл, иродаи қавии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вақтҳои охир сатҳу сифати нав касб намуда, заминаҳои устувору боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ ба густариши ин ҳамкорӣ асос гузоштанд.
— Вобаста ба ин, бо боварии том гуфта метавонам, ки акнун мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ин пас ҳам дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва дигар ормонҳои чандинасраи хеш зиндагӣ мекунанд. Умед аст, ки ин ташрифи Президенти кишвари ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва хешутабории ду халқи бузург заминаҳои мусоид фароҳам меоранд, — зикр намуд Ҷ.Ҷуразода.
Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,
АМИТ «Ховар»