«САЛОМ, МОДАР! ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ!». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи модар аксияи тарбиявӣ доир намуд
ДУШАНБЕ,08.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Салом, Модар! Туро дӯст медорам!»-таҳти ин унвон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе аксияи тарбиявиро бахшида ба Рӯзи модар роҳандозӣ намуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Масъулон ва волонтёрони Кумита бо телефони мобилӣ ва шиорҳои таблиғотӣ дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт гаштугузор намуда, ба сокинон ва меҳмонони он пешниҳод намуданд, ки ба модари худ занг зада, аз меҳру муҳаббати худ бо ибораи зебои «Ало, салом Модар! Ман туро дӯст медорам!» паём расонанд ва хотирашро шод гардонанд.
Бояд гуфт,ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи мазкурро ҳамеша роҳандозӣ менамояд, ки ҳадаф аз баргузории он эҳтиром ва бузургдошти модар, афзун намудани муҳаббати ҷавонону наврасон ба волидайн мебошад.
Дар аксияи мазкур имрӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт, намоячндагони синну сол ва касбу кори гуногун иштирок намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






