«Сомон Эйр» ба ифтихори Рӯзи модар дар нархи ҳамаи хатсайрҳо тахфиф пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар иртибот ба таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад, иқдоми наҷиб роҳандозӣ менамояд.
Ба муносибати ин иди фархунда ширкати «Сомон Эйр» барои кулли мусофироне, ки аз 1 то 8 март чиптаи ҳавопайморо аз фурӯшгоҳи ширкат, воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов, 40-и шаҳри Душанбе харидорӣ менамоянд, дар ҳамаи хатсайрҳои аз ҷониби ширкат иҷрошаванда 8% тахфиф пешниҳод мекунад.
Дар айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, парвозҳоро муваффақона аз Тоҷикистон ба самти Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.
Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






