Тоҷикистон яке аз кишварҳои дӯстдоштаи сайёҳони Россия гардид!
ДУШАНБЕ, 27.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин /ТОР-50/ ворид гардид.
Бино ба маълумоти «ТурСтат», соли 2017 шумораи сафарҳои хориҷӣ аз Россия ба Тоҷикистон 116 ҳазорро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 5 дарсад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, соли гузашта сайёҳони рус тақрибан 40 миллион саёҳати хориҷӣ анҷом додаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 25 дарсад зиёд мебошад.
Кишвари маъруфтарини сайёҳии хориҷӣ барои сайёҳони рус соли 2017 Туркия гардид. Пас аз он Абхазия, Финландия, Қазоқистон, Украина, Чин, Эстония, Полша, Германия ва Таиланд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 40 ишғол карда, аз чунин кишварҳо, ба монанди Норвегия, Шведсия, Дания, Венгрия, Қатар, Белгия, Япония, Гонконг, Сингапур ва Малдив пеш гузаштааст.
Дар раддабандӣ ҷойи охирро Португалия ишғол намудааст.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






