Тоҷикистону Покистон ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос омодаи ҳамкориянд
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳайати гурӯҳи кории Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти сарварии ҳамоҳангсози миллии Мақомоти миллии мубориза бо терроризм Эҳсон Ғанӣ Хон, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Сиддиқӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мо ҳамеша омодаем бо ҷумҳурии ба мо бародару дӯст ҳамкории худро густариш дода, дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир муборизаи беамон барем.
Ҳамоҳангсози миллии Мақомоти миллии мубориза бо терроризм Эҳсон Ғанӣ Хон ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки «мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ фаъолият намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ман ба он нафароне, ки баҳри пешрафту тараққиёти ин сарзамини биҳиштосо ҳиссаи арзанда гузоштаанд, арзи сипос менамоям».
Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва бозомӯзии забонҳои хориҷӣ ҷониби Покистон омода аст дар ин самт ҳамкорӣ намояд.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






