«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН…». Вақти он расидааст, ки кори Ҷомӣ ва Навоиро идома диҳем

Март 8, 2018 13:56

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

                                       Дӯстони меҳрубонро гум макун.

                                       Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст.

                                       Мушкилосонкун касонро гум макун.

                                         (Мирзо Трусунзода)

ДУШАНБЕ, 08.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Осиёи Марказӣ – тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қирғизҳо ва дигар қавму қабилаҳои эронитабору турктабор дар тӯли ду ҳазор соли охир, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва садҳо ҳодисаҳо ва воқеаҳои табиӣ ва иҷтимоиро бо ҳам гузарониданд, сардию гармиҳои зиндагиро якҷо чашида, то имрӯз рӯзгори худро пеш мебаранд. Онҳо дар тӯли ҳазор соли охир бо якдигар зиёд омезиш ёфтаанд.

Бахусус тоҷикону ӯзбекҳо дар ин минтақа нисбат ба дигар қавму миллатҳо бештар даромехтаанд. Онҳо чунон омезиш ёфтаанд, ки нишонаҳои онро дар тамоми рӯзгори моддӣ ва маънавии мардум метавон пайдо кард. Беш аз ҳазор сол аст, ки таърих, забон, адабиёт, расму оин ва ба таври куллӣ, фарҳанги ин ду миллат ба ҳамдигар таъсири мутақобила доштаанд. Фаъолияти муштараки ин ду миллат то ҷое расидааст, ки дар аксари маврид, онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мушикил аст.

Агар ба забони ин ду миллат таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки ҳазорон вожаҳои тоҷикӣ ё баръакс, вожаҳои зиёди ӯзбекӣ вориди забони якдигар гардида, хазинаи луғавии ҳамдигарро ғанӣ сохтаанд. Ҳатто дар калимасозӣ низ мебинем, ки як ҷузъаш тоҷикӣ ва ҷузъи дигараш ӯзбекист, ё баръакс аст. Чи хуб мебуд, ки дар оянда дар ин самт корҳои илмӣ сурат бигиранд. Ҳанӯз корҳои зиёде дар риштаи омӯзиши шеваи гуфтории ӯзбекҳо ва тоҷикҳо ҳаст, дар оянда забоншиносон бояд онҳоро мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳанд. Тарзи гуфтори омиёнаи ин ду миллат чунон бо ҳам омезиш ёфтааст, ки гоҳе кас ҳайрон мемонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гоҳе дар хонаводаи тоҷике барои аз фарзандон розеро пинҳон намудан ба забони ӯзбекӣ суҳбат мекунанд, ё баръакс. Дидаем, ки барои баёни кадом масъалае аз тоҷикӣ ё баръакс аз ӯзбекӣ зарбулмасале оварда, фарзандонро панд медиҳанд. Дар натиҷа ин амалҳо боиси он шудаанд, ки фарзанд ҳар ду забонро биомӯзад. Мушоҳида шудааст, ки афсонаеро ба забони ӯзбекӣ нақл мекунанд, порчаи шеъриаш ба забони тоҷикӣ аст ё матнро ба забони тоҷикӣ нақл менамоянд, порчаи шеърии он ба забони ӯзбекӣ аст.

Дар адабиёти гуфторӣ ва навиштории ин ду миллати дӯст матнҳои зиёде, ба мисли «Гулиқаҳқаҳ», «Бузаки ҷигилапо», «Рӯбоҳ ва гург», «Чилдухтарон», «Қарақокул», «Каҷу Рост», «Тоҳир ва Зуҳро», «Рустами Достон», «Фарҳод ва Ширин» ва ғайраҳо дида мешаванд, ки онҳо то ба имрӯз вирди забони ҳар ду халқ мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар минтақаҳои ҳар ду давлат номҳои қаҳрамону шахсиятҳои фолклорӣ дида мешаванд. Аз ҷумла, номҳои «Чилдухтарон», «Кӯҳи Фарҳод» ва ғайра ба ҳар ду забон ривоятҳои ҷолибе доранд.

Дар байни ӯзбекҳо зарбулмасал, чистон, суруд, афсона, ривоятҳои зиёде ҳастанд, ки решаи аслии онҳо тоҷикӣ буда, бо гузашти замон варинатҳои зебои ӯзбекии худро пайдо кардаанд. Ё дар байни тоҷикон низ матнҳое ҳастанд, ки асли он ӯзбекӣ буда, тоҷикон низ онро бо муҳаббат мавриди истифода қарор медиҳанд. Масалан, ҳамосаи қаҳрамонӣ ва паҳлавонии «Алпомиш» дар байни ӯзбекҳо ҳам дар шакли достон ва ҳам дар шакли афсона хеле машҳур аст. Ин ҳамосаи миллии мардуми ӯзбек аст. Аммо ин достон дар шакли афсона аз ӯзбекҳо ба тоҷикҳо низ гузаштааст. Дар нимаи аввали садаи ХХ ва баъдҳо «Алпомиш» дар он минтақаҳое, ки ин ду миллат дар канори ҳам зиндагонӣ мекунанд, зиёд ҳикоят мешуд. Пажӯҳандагон намунаҳои онро ба забони тоҷикӣ низ сабт кардаанд.

Ё ҳамосаи дигари ин ду миллатро бигирем, ки бо номҳои «Гӯрғулӣ» (ғӯли гӯр), «Гӯрӯғлӣ» (писари гӯр), «Гӯрзод» (зодаи гӯр) дар байни мардум машҳур аст. Дар бораи паҳлавонию қаҳрамонии Гӯрғулӣ ё Гӯрӯғлӣ ва фарзандонаш достону афсонаҳои зиёде то ба имрӯз дар байни ҳар ду миллат мавҷуданд. Пажӯҳандагон вариантҳои зиёди онро ҳам дар шакли афсона ва ҳам дар шакли достон сабт кардаанд. Дар ҳар ду мамлакат ва ҳатто берун аз он дар бораи ин ҳамоса чандин рисолаҳои илмӣ навишта шудаанд. Аммо ҳоло дар бораи муштаракоти аслӣ, яъне дӯстӣ ва робитаи қавму миллатҳо дар ин ҳамоса, ҳамоҳангиҳои он таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст. Агар ба ин ҳамоса бо диққат назар андозем, мебинем, ки дар он ҳам номҳои ӯзбекӣ ва ҳам номҳои тоҷикӣ дида мешаванд. Мисоли барҷаста ҳамин номи Гӯрӯғлӣ. Ин ном аз ду ҷузъ иборат аст: «гӯр» – тоҷикӣ ва «ӯғл» (писар) – ӯзбекӣ. Бинед, ин ду миллат чӣ гуна бо ҳам дар пайванд ҳастанд. Ҳатто номи қаҳрамони ҳамосаи муштараки онҳо – «Гӯрӯғлӣ» аз калимае иборат аст, ки марбут ба ду забони бо ҳамдигар дар як минтақа роиҷ сохта шудааст. Ин гуна мисолҳо зиёданд.

Яке аз ҷашнҳои бузурге, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ мардумро аз замонҳои қадим бо шодмонӣ ва созу наво муттаҳид намуда, то имрӯз идома дорад, ин Наврӯз аст. Бинед, ин ҷашни тоҷиконро чӣ гуна бо муҳаббат мардуми шарифи ӯзбек ва халқҳои дигар пазируфтаанд, ки ҳама онро аз они худ медонанд. Дар  Ӯзбекистон оинҳои наврӯзӣ то ба имрӯз дар байни ҳамаи халқҳо бо меҳр ва дар якҷоягӣ иҷро мегарданд. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми он кишвари дӯст нишонаҳои оинҳои наврӯзӣ дар зеҳни калонсолон мондаанд, ки бояд мавриди омӯзиши мардумшиносон қарор бигиранд.

Ҳоло пажӯҳандагон вазифадоранд, ки ба таври муқоисавӣ омӯхтани матнҳои фоклорӣ, ҳаёти этнографии ин ду халқи бо ҳамдигар аз замонҳои қадим дӯстро ба таври ҷиддӣ оғоз намоянд. Бо далелҳои илмӣ ва таълиф намудани рисолаҳои илмӣ дар асоси матнҳои фолклорию этнографии муштарак ҳамбастагии ин ду халқи бародарро бештар нишон бидиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло низ дар кӯҳистонҳо пирамардон, пиразанон ва шахсони донову зираки зиёде ҳастанд, ки дар хотираи онҳо устураҳо, афсонаҳо, ривоятҳо, сурудҳо, матнҳои гуногун ва маросимҳои суннатии муштарак мавҷуданд. Дар ин матнҳо нишонаҳои фарҳанги гузаштаи ин ду миллат инъикос ёфтаанд, ки бояд гирдоварӣ шаванд.

Дар байни ин ду миллати дӯсту қарин бародарӣ, хешутаборӣ, ҳамбастагӣ дар ҳамаи соҳаҳои фарҳангӣ мавҷуданд, ки онҳо то ба имрӯз ба таври бояд шояд мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд. Ба хусус дар расму оинҳо, маросимҳо, ҳунарҳои мадумӣ, касбу кор, бозиҳо, созу наво ва ғайраҳо мардум муштаракоти зиёд доранд. Ин муштаракот дар ҳамзистии якҷояи ин ду миллат он қадар ба ҳам омезиш ёфтааст, ки онҳо бо диди илмӣ бояд омӯхта шаванд ва пешкаши аҳли назар гарданд. Бо таҳқиқу таҳлили мантиқӣ метавон дӯстию пайванди ногусастании ин ду миллатро бо далелҳо бештар нишон дод.

Дар таърихи адабиёти ин ду миллат дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ беназир аст. Муҳаббат ва ҳамбастагии қавии ин мардумон  ба онҳо сахт вобаста аст. Маҳз аз онҳо бояд ибрат гирифт. Мероси адабии муштараки то ба мо расидаи адабии ин шоиронро фақат барои меҳру муҳаббат ва садоқату рафоқати миллатҳо таблиғ бояд кард. Аз осори онҳо ба мисли занбӯри асал шарбати аслиро ҷудо карда, ба мардум бояд пешкаш намуд. Ба ин восита кори Ҷомӣ ва Навоиро идома бояд дод.

Дар адабиёти гузаштаи ин ду миллат шоироне буданд, ки ба ду забон шеър мегуфтанд. Ҳамчунин баъзе адибон шеърҳое офаридаанд, ки дар омехтагии калимаҳо, ибораҳо ва мисраъҳои ин ду забон суруда шудаанд. Ин гуна матнҳоро дар адабиёт «ширу шакар» номидаанд. Хушбахтона, дар ин бора баъзе корҳои илмӣ ҳам шудаанд. Чунин корҳоро дар оянда бояд идома дод.

Дар адабиёти классик ва садаи бисти ин ду халқ адибоне буданд ва ҳастанд, ки падару модарашон ӯзбеку тоҷик ё тоҷику ӯзбеканд.  Онҳо забони модарӣ ё баръакс, забони падариро интихоб намуда, ба он забон асарҳо эҷод намудаанд. Ин гуна намунаҳо дар адабиёти ҷаҳон низ зиёд аст. Ӯзбекҳое ҳастанд, ки ба тоҷикӣ эҷод кардаанд ва ҳамчунин тоҷикҳое ҳастанд, ки ба забони ӯзбекӣ таълиф намудаанд. Ин ҳақиқати таърихиро мо бояд дуруст бифаҳмем ва ба он арҷ гузорем. Ба маҳсули тафаккури адабии онҳо, ки дар асл тарбия намудани инсони некманиш аст, таваҷҷуҳ намоем. Дар ин бора пажӯҳишро барои пайванди дӯстии миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, рафоқат, одамият ва самимият  равона созем. Ба кинаву адоват роҳ надиҳем. Аз таърихи гузашта сабақ бигирем. Аз баъзе иштибоҳот маълум шуд, ки ҳар амали нораво ва таблиғи беҷо инсонро ба гумномӣ ва рӯзгори ӯро ба хатар мебарад.

Аз поягузорону дӯстони содиқи адабиёти тоҷику ӯзбек – Ҷомӣ ва Навоӣ шурӯъ намуда, то адибони замони Шӯравии ин ду миллат рафоқат, ҳамбастагӣ, садоқат ва пайвандҳои нек дида мешаванд. Инро аз осори Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Ғафур Ғулом, Ҷалол Икромӣ, Шароф Рашидов ва даҳҳо дигарон метавон пай бурд. Имрӯз адабиётшиносонро зарур аст, ки нуктаҳои муҳими ҳамбастагии ин ду миллатро аз осори онон пайдо карда, пажӯҳиш намоянд. То ба ин восита дӯстии воқеии ин ду миллатро бештар нишон бидиҳанд. Пажӯҳиши ин масъала интизори пажӯҳандагони худ аст.

Тамоми фарҳанги моддӣ ва маънавии ин ду миллатро аз назар гузаронем, мебинем, ки онҳо ин қадар омезиш ёфтаанд, ки ҷудо кардани баъзе аз онҳо номумкин аст. Миллионҳо хонаводаи ин ду миллат бо ҳамдигар омезиш ёфтаанд, яке ба дигаре духтар додааст ва дигаре домод кардааст. Фарзандҳои онҳо дар хонавода ба ду забон гап мезананд. Тӯй, маърака, маросим, азо- хуллас тамоми шодиву ғами онҳо бо ҳам мегузарад.

Мегӯянд, ки ҳақиқатро бо даст пӯшида намешавад. Яъне дар тӯли таърих гоҳе чунин шудааст, ки баъзеҳо бо амалҳои хеш корҳои номуносибе кардаанд, ки ин дӯстӣ халал ёбад. Вале аксари мардуми одии ҳар ду кишвар ҳаргиз ба ин фиреб гирифтор нашудаанд. Ҳамеша, содиқона, чун суннати неки гузаштагон муносибатҳои отифонаи худро идома доданд. Баъд аз мушкилоте, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни давлатҳо ба вуҷуд омад, мардум ҳамеша бо умеду нияти нек орзу мекарданд, ки рӯзе рафтуомадҳо хуб мешаванд. Ҳар ду миллат ҳамеша дар ҳаёти одии худ муносибатҳои некро пайравӣ мекарданд, доду гирифти онҳо канда набуд, хешу табориашон низ побарҷо буд. Дар аксари минтақаҳои ҳар ду ҷумҳурӣ ин ду халқ дар паҳлуи ҳам зиндагонӣ мекунанд. Аммо дар ҳар минтақаи хурди ҳар ду давлат ягон ҷашн, тӯй, маърака, маросим, мотам ва монанди ин нест, ки бидуни иштироки ҳамдигар нагузашта бошад. Мардуми шарифи ҳар ду давлат ҳамеша дар тӯли таърих бо якдигар меҳрубонона умр ба сар мебаранд.

Инак, чӣ нек аст, ки сарварони некандеш барои беҳтар зистани ин ду халқи фарҳангпарвар шароити муносибро дар ҳар ду ҷумҳурӣ  муҳайё месозанд. Ба гуфти Мирзо Турсунзода, тибқи ҳамон шиори «То тавонӣ дӯстонро гум макун» амал менамоянд.

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ

Март 8, 2018 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст