«ТОРУ ПУДИ МОДАРОН АЗ РИШТАИ МЕҲРУ САДОҚАТ БОФТА ШУДААСТ…». Сухани таъсирбахши зан каҷравонро ба роҳи рост ва ҷинояткоронро ба адлу инсоф раҳнамун месозад

Март 6, 2018 11:04

Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зан-модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.  Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим кор ва фаъолият мекунанд, бахусус, нақши онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Занони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуд ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд. Дар арафаи Рӯзи Модар мухбири АМИТ «Ховар»  бо сардори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Азиза ДАВЛАТШОЕВА ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Пешвои миллат оиларо ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо дониста, ободиву суботи ҷомеаро аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста медонанд. Андешаи шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

А. Давлатшоева: Дар тарбияи инсон хонавода муҳимтарин воҳид ва рукни тарбия дар ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Кўдак ба рафтор, алоқамандӣ, эҳтиром гузоштани аҳли оила ба расму русум ва муоширати байниякдигариву риояи онҳо дар оила эътибор медиҳад.  Бо ин мақсад барои боз ҳам баланд бардоштани нақши падару модар дар тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки  масъулияти волидонро  дар таълиму тарбияи фарзанд ҷоннок гардонид.

Албатта, зан-модар, пеш аз ҳама, тарбиятгар, насиҳатгар, нигоҳдорандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари оину анъанаҳои волои гузаштагон мебошад. Маъмулан мегўянд, ки вазъи рушду рукуди ҷомеа аз вазъи зан дар он вобастагии қавӣ дорад, ё ба қавли Пешвои миллт «сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтанию шикастанафсӣ раҳнамун созад».  Аз ин гуфтаҳои оқилонаи  Пешвои миллат бармеояд, ки чӣ қадаре ки зан-модар маърифатнок бошад, ҷомеа ҳамон қадар пешрафта аст, зеро тарбияи фарзанд асосан  ба дўши модарон аст.

«Ховар»: Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон баён кард?

А. Давлатшоева: Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва тасдиқ гардидани «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тадбирҳое мебошанд, ки татбиқи онҳо нақши занонро дар давлатдориву корҳои ҷамъиятӣ ва умуман  ҳаёт боз ҳам таъсирбахшу фаъолтар  мегардонад.

Ин ҳуҷҷатҳо дар баробари он, ки дурнамо ва ояндаи хуби  пешрафти зани тоҷик ва боло рафтани мақоми ўро дар  ҷомеа муайян менамоянд, инчунин моро уҳдадор менамоянд, ки тамоми кўшиши худро баҳри татбиқи онҳо ба хотири шукуфоии мамлакат ба харҷ бидиҳем, зеро дар шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол занону модарони тоҷик, ки зиёда аз нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дар таълиму тарбияи насли нав, пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ ва иқтисодиёти он, бозёфтҳои эҷодиву фарҳангӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург доранд. Хулоса, дар тӯли соҳибистиқлолии хеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёде таҳия намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шуда, ояндаи хуби пешрафти ў ва боло рафтани мақоми занро дар ҷомеа муайян менамоянд.

«Ховар»: Фаъолият кардани зан-модар дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нигоҳи Шумо оё мушкил нест?

А. Давлатшоева: Дар ҷомеае, ки зан нуфузу манзалати воло дошта, 47 дар сади аҳолиро ташкил медиҳад, пас дар мақомоти корҳои дохилӣ  фаъолият намудани ў  шарт ва зарур аст, зеро ҳисси масъулиятнокӣ дар занҳо хеле қавӣ аст. Зан аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои душвор баромада метавонад. Гузашта аз ин ҳанўз солҳои нав таъсис ёфтани милитсияи тоҷик занони маҳаллӣ аз таҳдиди рӯҳониёни иртиҷоӣ наҳаросида, барои ояндаи нек ва ҳаёти осоишта талош меварзиданд, тақдири хешро ба милитсия пайваста, ин пешаи шарафмандро интихоб менамуданд. Ҳоло занони муфаттиш, мубориз алайҳи ҷиноятҳои вазнин, зан-корманди БДА, кормандони шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, тарбиятгарони ҳомиёни низом ва ғайраро дида, тааҷҷуб нахоҳем кард.  Боиси хушнудист, ки имрўз тавассути  сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин намудани занони фаъолу лаёқатманд дар  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сафи занони соҳибмаълумоту соҳибихтисос ва босаводу боиффат афзуда истодааст, зеро ҷомеаи мо дигаргунсозиҳои куллиро аз сар гузаронида, ба раванди  умумиҷаҳонӣ қадам мегузорад. Нисбат ба солҳои пештара имрўз шумораи занон дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ фарқ мекунад. Гарчанде ки мақомоти корҳои дохилӣ сохтори низомӣ аст, сафи  занони соҳибтахассус ва масъулиятшинос дар он рўз аз рўз зиёд мешавад. Мо, занон ифтихор аз он дорем, ки дар баробари мардон дар амнияту осудаҳолии мардуми ҷумҳурӣ саҳм мегузорем.

«Ховар»: Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, то зан-модари тоҷик аз ҳарвақта дида, бештар ба тарбияи фарзандон диққати ҳамаҷониба диҳад ва тарбияи фарзандонро  ба дигарон вогузор  накарда, худ масъулият нишон диҳад?

А.Давлатшоева: Табиати нопайдоканор бар пайкари басо нозуку ҳассос ва латифи зан  ибтидои бунёдкоронаву созандагиро гузоштааст, ки бар алайҳи ҳама гуна  тахрибкориҳову ботиландешиҳо будааст. Дар андешаву омоли ҷинси латиф муҳофизати фарзандону пайвандон ҳамеша афзалияти хосса дошт, ки ҷиҳати таҳтонии сиришти хилқати ў зербинои ҳаётро истеҳком мебахшад. Асоси ба тарбияи фарзанд оқилонаву бомаърифатона машғул шудани модар  аввал аз маърифатнокии ў, бахусус  маърифати ҳуқуқӣ, дар якҷоягӣ бо падари кўдакон  муносибати хуб доштан, бохабарӣ аз санадҳое, ки танзими оила ва масъулияти волидайнро ба танзим медароранд, танқисӣ надоштан аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ғайра мебошад. Тарбияи фарзандро ба зиммаи каси дигар гузоштан сабабҳои зиёд дорад, яке аз ин сабабҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раҳсипор шудани модарон аст, ки имрўз он боиси  тарбияи хуб нагирифтани бархе аз фарзандон гардидааст.

«Ховар»:  Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. Шумо бар ин ҳикмат чӣ афзуданиед?

А.Давлатшоева: Чунонки Пайғамбар (с) мефармоянд: «Талаби илму дониш барои ҳар зану марди мусалмон фарз аст». Аз нигоҳи дини мубини ислом илм омўхтан чӣ барои мард ва чӣ барои зан ҳатмӣ ва  зарурист.

Талабот дар соҳаи илм ҳам дар назди занон ва ҳам мардҳо баробар аст, вале имконоти занҳо нисбат ба мардҳо камтар мебошад. Зеро зан-модар, нигаҳбони оила ва тарбиятгари фарзанд аст. Ў наметавонад тамоми қувва, ғайрат ва вақти худро ба ҳалли масъалаҳои илмӣ сарф намояд. Бинобар он занонеро, ки ба таври ҷиддӣ ба кори илмӣ машғул шудан мехоҳанд, шавқу ҳавас ва истеъдод доранд, дастгирӣ мебояд. Бояд зикр намуд, ки раванди бомаърифат гардонидани  занони мо низ ба ҷомеаи бофарҳанг оварда мерасонад. Занон-модарони тоҷик ҳам бомаърифату ҳам ҳунарманд ва ҳам поксиришту боиффат мебошанд ва барои шукуфоии Тоҷикистони азиз талош мекунанд.

Бо умеди ояндаи дурахшон, пойдории оила, бақои миллату давлат ва зиндагии осудаҳолонаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик модарону хоҳарони  гиромиро, ки воқеан сарчашмаи тамоми фазилатҳои инсонӣ ва хуррамиҳои ҳаёт  ҳастанд, ба ифтихори бузургдошти Рўзи Модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврўз сидқан муборакбод намуда, барояшон сарбаландӣ таманно дорам.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Март 6, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид