ҚУРБИ АСЪОР: имрӯз дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон нархи 1 евро аз 10.8000 то 10.8900 сомонӣ муқаррар гардидааст
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 1 март қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8230 сомонӣ, 1 евро = 10.7782 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1566 сомонӣ.
Имрӯз, 1 март қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.8000 то 10.8900 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1570 то 0.1575 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






