Вакилони Маҷлиси намояндагон Дастурамали санаддориро баррасӣ карданд

Март 30, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи  «Дастурамали санаддорӣ- дар Маҷлиси намояндагон» зимни семинар–машварате, ки дар Парлумони мамлакат бо иштироки вакилон ва масъулини дастгоҳи Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  Ҷалол Камолов зикр намуд, ки Маҷлиси намояндагон масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдоштаро дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур баррасӣ ва ҳал мекунад.

Парлумони касбии мамлакат ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул намуд, ки иҷрои он дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст.

Таъкид шуд, ки Маҷлиси намояндагон ҳамчунин ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти дигари давлатиро бо мақсади назорати иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, ҳисоботи ҷамъбастии онро оид ба фаъолияти аудиторӣ, ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисоб ва хулосаи аудитории онро доир ба масъалаҳои дорои хусусияти фаврӣ, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, мешунавад.

Зикр шуд, ки ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар қироати якум Маҷлиси намояндагон муқаррароти асосии лоиҳаи қонун, мувофиқати он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷой доштани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва аҳамияти амалии лоиҳаи қонунро мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Март 30, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд