ЗАНОНИ БАРҶАСТАИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин ном дар Осорхонаи мардумшиносии пойтахт гӯшаи нав боз гардид

Март 8, 2018 12:15

ДУШАНБЕ, 08.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи мардумшиносии  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, осорхонаи мазкур ба муносибати  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 навсозӣ гардида, дар маросими  ифтитоҳи он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки бо Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1981  таъсис ёфта, яке аз калонтарин осорхонаҳо дар бахши этнографияи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади эҳё намудани ин осорхона, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, мардумӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ, инчунин расонидани кўмаки моддӣ ба муассисаҳои илмию фарҳангии мамлакат, бо кўмак ва дастгириҳои бевоситаи молиявии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Фароз» бинои қаблии он навсозӣ гардида, дар он тамоми шароити лозима фароҳам оварда шуд.

«Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ба эҳё ва рушди анъанаю суннатҳо таърихӣ, бостоншиносӣ, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус зоҳир гардида, дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Ифтитоҳи Осорххонаи миллии Тоҷикистон ва эҳёву азнавсозии чандин осорхонаҳои шаҳриву вилоятӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд», — гуфта шуд дар ҷамъомади мазкур.

Маврид ба зикр аст, ки  айни замон дар Осорхонаи мардумшиносӣ зиёда аз 10 ҳазор намунаҳои нигоравҳои қадимаи халқи тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд, дар қисмати дигари бинои он аввалин осорхонаи мероси таърихию фарҳангии занони тоҷик – «Осорхонаи занони барҷастаи Тоҷикистон» ҷойгир мебошад.

Дар ин осорхона сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҷониби ходими давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ Муқаддара Рустамова (1926-2002) ҷамъоварӣ гардида, ба намоиш гузошта шудаанд.

Март 8, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд