АЛАФУ ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ АЗ ҶУМЛАИ ҒИЗОИ СОЛИМАНД. Ва ё чӣ гуна имрӯз бутерброд, гамбургу чизбург ва питсаҳои қаҳвахонаву ошхонаҳои тезтайёр ғизои мо гардидаанд
ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор ва гарм шудани ҳаво имрӯзҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш баровардани алафҳои кӯҳиву саҳроӣ, назири чукриву рошак, навъҳои сияҳалафу ров хеле зиёд ба чашм мерасад. Бахусус мардуми шаҳрнишин дар ин шабу рӯз дар қатори сабзавоти маъмулӣ алафи ошиву чукрӣ ва рошаку ров мехаранд. Тавре дар чанд бозори пойтахт мушоҳида карда, бо фурӯшандагон ҳамсуҳбат гардидем, солҳои охир на таҳо сокинони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ба алафҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд ва савдогарон аз он даромади хуб ҳам ба даст меоранд.
Номзади илмҳои тиб, ғизошинос (диетолог) Ҷамолиддин Пиров алафу гиёҳҳои баҳориро аз ҷумлаи ғизои солим ном бурда, зикр кард, ки дар таркиби онҳо витаминҳои зиёд вуҷуд доранд. Ин мутахассис бар он назар аст, ки ғизогирии хуб асоси саломатӣ мебошад. Хӯроке, ки мо истеъмол мекунем, организмро бо маводи ғизоии барои фаъолияти дуруст ва зарурӣ таъмин менамояд. Истеъмоли ғизои носолим метавонад саломатиро заиф гардонад ва хавфи сироятро зиёд кунад.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шурӯъ аз солҳои 80-уми асри гузашта ва 10-15 соли асри нав ғизои мо дигаргун шудааст. Яъне бо омадани ғизои Ғарб қариб ки мо имрӯз ғизои аҷдодони худро, ки аз витаминҳо бой ва табииянд, истеъмол намекунем. Имрӯз ғизои мо ба бутерброд, гамбургу чизбург ва питсаҳои қаҳвахонаву ошхонаҳои тезтайёр табдил ёфтааст. Ин хӯрокҳои сахт дорои равғани зиёди ҳайвоноту сафедаи бисёр, яъне калорияи зиёд ва витаминҳои кам мебошанд, ки истеъмоли зиёди он ба гирифторшавӣ ба бемориҳои тамаддуни Ғарб, аз ҷумла, фарбеҳӣ ва шикамкалонӣ бурда мерасонад. Дар айни замон аз рӯи омори ҷаҳонӣ, аз 7, 5 миллиард аҳолӣ 40 % он ба фарбеҳӣ ё шикамфарбеҳӣ гирифтор ҳастанд. Имрӯз дар кӯчаҳо ҷавононеро мебинем, ки аллакай ба шикамфарбеҳӣ гирифтор гаштаанд. Идома ёфтани чунин ҳолат ба бемориҳои гуногун бурда мерасонад.
Ҷамолиддин Пиров яке аз сабабҳои гирифтор шудан ба бемориҳои ишимиявии дил, фишорбаландӣ, санги талхадон, зардаҷӯшӣ, қабзият, дамиши шикам ва ғайраро ба истеъмоли ғизои носолим рабт дода, зикр кард, ки истеъмоли намаки зиёд ба фишорбаландӣ, холестирини зиёд ба атеросклероз ва санги талхадон, хамири зиёд ба бемории қабзият ва дамиши шикам, панкреатин, фарбеҳӣ ба диабети қанд ва ғайра бурда мерасонад. Дар давлатҳои абарқудрати Аврупо аҳолӣ барои сарфа намудани вақт аз хӯрокҳои зудтайёр истифода мекунанд ва аксари мардуми он аз истеъмоли ҳамин гуна хӯрданиҳо ба бемориҳои фарбеҳшавӣ ва ишемияи рагҳои хунгарду дил гирифторанд. Зеро ин навъи хӯрданиҳо аз чарбҳои вазнин омода карда мешаванд ва ҷисми инсонро бо маводи зарурӣ, яъне сафедаҳо, витаминҳо ва моддаҳои минералӣ таъмин карда наметавонанд. Агар дар навъи якуми хӯрок маҳсулоти ширӣ ва дар нисфирӯзӣ хӯроки сабук, мева ва сабзавоти тару тозаи мамлакатамонро тановул кунем, ба манфиат хоҳад буд.
Мудири бахши наҷоти Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Аъзам Табаров низ яке аз сабабҳои ҷавоншавии бемориҳои ишимиявии дилро дар истифодаи ғизоҳои сунъӣ вобаста медонад. Ба андешаи номбурда, аз сабабе, ки дар гузашта аҷдодони мо бисёртар аз ғизоҳои табиӣ истифода мебурданд, чунин бемориҳо кам ба чашм мерасиданд.
Ба гуфтаи номбурда, дил, ки таъминкунандаи тамоми бофтаву узвҳои бадан бо хун аст, худ низ ба хун ва маводи муфиди ғизоӣ эҳтиёҷ дорад. Таъмини дил бо хун аз тариқи ду шараёни коронарӣ, ки аз решаи шоҳраг оғоз мешаванд, сурат мегирад: шараёни коронарии чап ва шараёни коронарии рост. Шараёни коронарии чап ду шохаи асосӣ- шараёни пешу поёнраванда ва шараёни қатшуда (сиркумфлекс) дорад. То 85 дар сади бофтаи мушаки дил (миокард) ба воситаи шараёни коронарии чап аз хун таъмин мегардад. Нуқсони рагҳои коронарӣ, ки бемории ишемиявии дил ном дорад, ба сабаби атеросклерози шараёнҳои коронарӣ (ғафс шудани девораҳои рагҳо) пайдо мешавад. Дар натиҷаи ин таъмини хун коҳиш меёбад, ки боис ба осеб дидани қисмате аз миокард мегардад. Агар таъмини хун ба ҳадди зарурӣ барқарор нашавад, ин амр дар зарфи 20 дақиқа метавонад ба некроз (аз байн рафтан)-и қисмате аз мушаки дил (сактаи миокард) сабаб гардад. Аломатҳои зоҳирии ин беморӣ дарди қафаси сина ва нафастангӣ мебошанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки гоҳе ин беморӣ бидуни дард низ ҷараён мегирад.
Ба нақли ҳамсуҳбат, бемории ишемиявии дил 10 омили асосии хатар дорад, ки инсон наметавонад 3-тои он-ҷинс, синн ва ирсиятро тағйир диҳад. Вале ба 7 омили дигар-фарбеҳӣ, сигор ва носкашӣ, камҳаракатӣ, фишори баланди хун, бемории қанд, чарбуи бештар аз меъёр, стрессҳо беш ё кам метавонанд таъсир дошта бошанд.
Истеъмоли ғизои солим дар пешгирии бемории ишемиявии дил нақши калон дорад. Албатта, инсон ба истифодаи гӯшт эҳтиёҷ дорад, вале истифодаи аз миқдор зиёди он метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Мутаассифона, имрӯз баъзе нафарон аз гӯшти серравған зиёд истифода мебаранд. Бояд зикр намуд, ки дар патогенизми бемориҳои ишимиявии дил холестерин нақши калон мебозад. Холестерини асосии сатҳи баланд дар равғани ҳайвонот, маргарин ва маска мавҷуд аст. Аз ҳамин ҷиҳат барои пешгирии бемориҳои ишемиявии дил мо тавсия медиҳем, ки аз истифодаи ин гуна ғизоҳо худдорӣ намоянд. Ба ҷои истеъмоли чарбуи ҳайвонҳо аз равғанҳои растанӣ истифода намоянд. Зеро равғанҳои растанӣ намегузоранд, ки сатҳи холестерин баланд шавад. Барои пешгирии ин беморӣ метавонанд аз моҳӣ ва гӯшти мурғ, ки беравған аст, истифода баранд.
Бояд зикр намуд, ки қабули ҳама намудҳои сабзавот ва алафҳои кӯҳӣ барои организм хеле зарур аст. Аз ҷумла, шибит, ров, рошак, сияҳалаф ва модел дар таркиби худ витаминҳои зиёд доранд ва холестеринро дар даруни рӯда ҷаббида, берун мебароранд. Дар фасли баҳор захираҳои организм кам мешаванд. Дар организм, ки витаминҳо кам шуд, тамоми касалиҳо хуруҷ мекунанд. Баъзе нафароне ҳастанд, ки миқдори истеъмол ва тарзи дурусти ғизоро риоя намекунанд. Масалан, нон ва маҳсулоти нониро, ки дар таркибашон калорияи зиёд ва витамини кам доранд, зиёд истифода мебаранд, ки он сабаби фарбеҳшавӣ мегардад. Фарбеҳшавӣ омили дигари гирифтории бемории ишемиявии дил мебошад. Истифодаи зиёди машруботи спиртӣ низ метавонад сабаби ин беморӣ гардад, ки хушбахтона, он дар мардуми мо кам аст. Аммо, мутаассифона, одати дигари мардуми мо -ин истеъмоли тамокуи зери забон (носкашӣ) мебошад. Бояд гуфт, ки кашидани сигор ҳамчун як омили бузурги гирифтор шудан ба бемориҳои ишимиявии дил ва онкологии роҳҳои нафас муайян шудааст, ки зарари нос ҳам на камтар аз сигор аст. Сабабҳои дигари он аз синну сол низ вобаста аст. Ҳар қадар синну сол боло меравад, мардон ба нафақа мебароянду занҳо соҳиби келин мешаванд ва камҳаракат мегарданд, ки ин омили дигари ин беморӣ мебошад.
Ҳамсуҳбатони мо тавсия медиҳанд, ки дар баробари истеъмоли ғизои солим, аз ҷумла, алафҳои кӯҳиву саҳроӣ ва сабзавоти тару тоза ба ҳаракати ҷисмонӣ низ машғул шавем. Аз рӯи меъёри тиб ҳар як фард, аз ҷумла, мард 6-7 км ва зан 4-5 км бояд дар як рӯз роҳ гардад. Хусусан ба шахсони аз 55 боло роҳравии муътадил ва мунтазам хеле муфид аст. Ҳамзамон новобаста аз он ки солим ҳастанд, бояд дар як сол як маротиба аз назорати табибон гузашта, холестеринро муайян кунанд, фишори хунро санҷанд ва сабти барқии дил анҷом диҳанд, зеро пешгирӣ ҳамеша аз табобат беҳтару камхарҷтар аст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар