Ба беш аз 70 донишҷӯ стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо донишҷӯёни шаҳр, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.
Зимни мулоқот Раъно Ҳошимзода иброз дошт, ки дар ҳама давру замон ба раванди дастгирии ҷавонон ва истифодаи нерӯи ақлониву ҷисмонии онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Агар ба марҳилаҳои таърихӣ назар кунем маълум мешавад, ки дар замонҳои қадим низ бузургони илму адаб ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, шахсиятҳои зираку тавоно ва масъулиятшинос боварӣ доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва зиндагии шоиста ба ҷавонон ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, имрӯз низ амалӣ шуда истодааст.
«Имрӯзҳо зиёда аз сад нафар донишҷӯён аз шаҳри Бӯстон дар зинаҳои рӯзонаву ғоибона, ихтисосҳои дуюми муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмиву оммавӣ, варзишиву фарҳангӣ иштирок ва ному мартабаи шаҳри Бӯстонро баланд мебардоранд.
Тибқи маълумотҳо, дар шаҳри Бӯстон норасоии кадрҳои баландихтисос ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки зиёда аз 20 нафар муттахассисони гуногунсатҳ дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин омӯзгорони фанҳои дақиқ дар шаҳри Бӯстон намерасад. Мо имрӯз итминони комил дорем, ки пас аз хатми донишгоҳу донишкада ҷавонон бо сари баланд ба шаҳри Бӯстон баргашта, норасоии кадрҳоро пурра намуда, ба Ватану халқи худ хизмат менамоянд», -гуфт Раъно Ҳошимзода.
Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов низ зимни баромад аз дастгириҳои давлату Ҳукумат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки имрӯз тамоми шароит баҳри илмомӯзии ҷавонон фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
Мақсади баргузории мулоқот бори дигар аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз раванди таълиму тарбия ва вазъи зисту зиндагии донишҷуён арзёбӣ гардида, ба зиёда аз 70 нафар донишҷӯён стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.











Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






