БА ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНПИСАРОН ВА ДУХТАРОН: мехоҳед ба ҳайси роҳбалад дар «Сомон Эйр» фаъолият намоед? Пас шитобед!
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои қабули роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонписарону духтарон озмун эълон намуд.
Синну соли номзадҳое, ки мехоҳанд ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкат фаъолият намоянд, барои занон то 26 ва барои мардон то 28 муқаррар гардидааст. Қобилияти шиноварӣ, омодагии хуби ҷисмонӣ ва дорои қомати 1.65 метр аз шартҳои озмун ҷиҳати ноил гардидан ба вазифаи роҳбалад мебошанд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамзамон номзаде, ки мехоҳад дар оянда ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият намояд, бояд дорои шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қобилияти муоширати хуб бо мусофирон бошад, инчунин забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро хуб донад.
Номзадҳо имкон доранд, ки ҳуҷҷатҳои худро — тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, 2 сурати ранга (портретӣ ва ба дарозии қад), нусхаи диплом ва нусхаи сертификат дар бораи донистани забони англисӣ, агар бошад) то 30 апрели соли 2018 ба почтаи электронии hr@somonair.com ирсол намоянд ё ба суроғаи саридораи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар кӯчаи М.Мастонгулов – 40 воқеъ аст, супоранд. Телфонҳо барои тамос: +44 640 40 46.









Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






