«ЛОКОМОТИВЧИЁН» — БА ПЕШ! Ҷоми Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон оид ба футболи хурд барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад, роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касаба миёни роҳиоҳанчиён мусобиқа оид ба футболи хурд доир намояд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов хабар дод, соли сеюм аст, ки чунин мусобиқа бо ташаббуси Иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон, Шӯрои ҷавонони роҳи оҳан ва дастгирии роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор мегардад ва ба он ҷавонони то 35-сола ҷалб мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа аз 10 апрел то 11 май ҳафтае се маротиба- сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе, соатҳои 17:30 то 19:20 дар майдончаи варзишии роҳи оҳан идома меёбад. Тӯли як моҳ 11 гурӯҳ аз ҳисоби ҷавонони корхонаҳои тобеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар он байни ҳам рақобат мекунанд. Барои соҳиб гардидан ба ҷоми мусобиқа беҳтарин дастаҳо аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон байни ҳам сабқат мекунанд.
Бино ба маълумоти Зикрулло Ҳамидов, дастаҳои ғолибро Ҷоми иттифоқи касаба бахшида ба Рӯзи ҷавонон, медалҳо, дипломҳо ва маблағҳои пулӣ интизоранд.









Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






