Дар Душанбе Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» оғоз гардид

Апрель 18, 2018 14:52

ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон», ки аз 18 то 19 апрели соли равон давом меёбад, оғоз гардид.

Дар кушодашавии чорабинӣ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло Мирбобоев,  сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон  Нурлан Сейтимов, намояндагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигарон иштирок намуданд.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар»  директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло  Шодизода иттилоъ дод,  соли дуюм аст, ки намоишгоҳи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба он 23 донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон даъват шудаанд.

«Имрӯз мо барои шахсоне, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил кардан доранд, шароит фароҳам овардем, то бо ихтисосҳо, донишгоҳҳо ва шароити онҳо аз наздик шинос шаванд. Ин донишгоҳҳо бурсияҳои таҳсилии худро доранд ва хоҳишмандон метавонанд ҳам бо тариқи буҷавӣ ва ҳам бо тариқи шартномавӣ ба ин донишгоҳҳо дохил шуда, таҳсили худро идома диҳанд», — гуфт И. Шодизода.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мақсади дигари баргузории ин чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар мебошад.

Ба иттилои мусоҳиб, айни ҳол беш аз 536 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Қазоқистон дар риштаҳои гуногун таҳсил доранд.

Апрель 18, 2018 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд