Дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди боғи интенсивӣ бо усули обмонии қатрагӣ роҳандозӣ гардид
ХУҶАНД, 24.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд майдони бунёди боғу токзорҳои нав рӯ ба афзоиш дорад. Чанде пеш, дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — шаҳраки Меҳрон, ки дар Дашти Рогиф ҷойгир аст, дар майдони беш аз 2 гектар замини лалмӣ ба бунёди боғи интенсивӣ бо усули обдиҳии қатрагӣ бо шинонидани 5000 бех ниҳоли себ асос гузошта шуд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъулини шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, бунёди боғҳои интенсивӣ дар доираи лоиҳаи кооперативи ғайритиҷоратии «Сароб» ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардида, дар умум, тибқи нақша, боғҳои интенсивӣ дар майдони 6 гектар замин бояд бунёд карда шаванд. То имрӯз, дар ноҳия дар асоси Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар талу теппаҳо беш аз 22 гектар боғҳои нав бунёд шудаанд.
Ҳамзамон, мувофиқи маълумоти оморӣ, сокинони ноҳия соли 2017 аз майдони 555 гектар боғ беш аз 7600 тонна ҳосили мева ба даст овардаанд, ки маблағи умумии он ба ҳисоби миёна зиёда аз 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд, дар миқёси вилоят то аввали моҳи апрели соли равон дар ҳамаи бахши хоҷагиҳо 568,9 гектар боғҳои нав бунёд гардида, аз масоҳати умумии боғҳо дар 69,7 гектар ниҳоли меваҳои тухмдор, дар 485,9 гектар ниҳоли меваҳои донакдор, дар 1 гектар ниҳоли меваҳои мағздор ва дар 12,3 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонида шудааст. Ҳамзамон, ҷониби хоҷагидорони вилоят то санаи 1 апрели соли 2018 дар майдони 570,4 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола низ шинонида шудаанд. Инчунин, дар ин давра 1,5 гектар токзори нав бунёд шуд. Дар маҷмӯъ 640,8 гектар боғ ва 41,5 гектар токзор аз нав барқарор гардида, 7,4 ҳазор адад ниҳоли тут шинонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






