Дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз баргузор мегардад

Апрель 24, 2018 11:56

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  28 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори  «Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» баргузор мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани силсила чорабиниҳои варзишӣ тарғиби бозиҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, инчунин оммавӣ гардонидани онҳо мебошад.

Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ насб кардани мизҳои тенниси хурд, инфрасохтор барои бозии шоҳмот ва ба ин васила рушд додани ин намудҳои варзиш вазифадор карда  шудаанд.

 

Апрель 24, 2018 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд