Дастовардҳо ва душвориҳои раванди қонунгузорӣ дар Тоҷикистони муосир
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Намунаи иддае аз қонунҳои ғарбӣ, на ҳамеша ба руҳия, табиати миллӣ ва манфиатҳои мардуми соҳибихтиёри тоҷик мувофиқ аст». Чунин зикр кард раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар хониши парлумонӣ, ки имрӯз таҳти раёсати мовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва душвориҳои раванди қонунгузорӣ дар Тоҷикистони муосир» доир гардид.
Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи баъзе қонунҳо мушоҳида мешавад, ки ҳифзи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ мушкили касб мекунад. Ин раванд ба ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии ғайримолумулкӣ бештар диққат дода, ҳуқуқҳои иқтисоди иҷтимоиро аз мадди назар дур мемонад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва андоз зери таъсири ҷаҳонишавии манфиатҳо ба буғӣ намудани истеҳсолоти миллӣ таҳдид менамояд.
“Агар ба таърихи омехта намудани падидаҳои ҳуқуқии оилаҳои ҳуқуқӣ дар низоми қонунгузорӣ назар афканем, мебинем, ки низоми қонунгузории гражданӣ ва ҷиноятӣ ба оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ такя мекунад. Низоми ҳуқуқи андоз ва падидаҳои ҳуқуқии сармоядорӣ ба оилаи ҳуқуқии англисӣ-амрикоӣ майл дорад. Соҳаҳои ҳуқуқи умумӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ ба таҷрибаи шаклгирии низоми ҳуқуқии кишварҳои пасошӯравӣ ва таҷрибаи қонунгузории модели Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ такя менамояд. Танзими ҳуқуқии урфу одатҳо, ҳифзи ахлоқ, маънавиёти ҷомеа ва иддае аз падидаҳои ҳуқуқи оилавӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ танзим мешаванд. Қонунгузории соҳаи молиявӣ мутобиқ ба Стратегияи Миллии Рушд то соли 2030 рӯ ба кишварҳои минтақаи Иттиҳоди АврОсиё намудааст”, — афзуд А. Холиқзода.
Таъкид гардид, ки дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шакл ва қолаби санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ афзалият касб кардааст. Тағйиру иловаҳои аз ҳад зиёд ба устувории талаботи қонунхо рахна ворид менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Парлумони Тоҷикистон ду давраи рушд — даъватӣ ва касбиро пушти сар кардааст. Роҳи таърихии рушди низоми қонунгузории Тоҷикистон дар зарфи 27-сол роҳи таърихии 250-300-солаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро монда, дар ин муддат 17-қонуни конститутсионӣ, 22-кодекс, 14-қонуни авф, 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ, 26-қонуни буҷет, 422-шартнома, конвенсия, созишномаҳои байналмиллалӣ ва 359-қонуни соҳавӣ қабул гардидааст.








Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҷаласа доир шуд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






