Элисон Мери Сюти: «Бо истифода аз ваколатҳоям барои таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Британия саъй менамоям»
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи робитаҳои судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони Британияи Кабир дар мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода бо узви Палатаи лордҳои Британияи Кабир, баронесса Элисон Мери Сюти дар Душанбе матраҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ҷиҳати идомаи робитаҳо ва табодули таҷрибаи парламентаризм миёни кишварҳо қабули қонунҳои моделӣ саривақтӣ аст. Баронесса Элисон Мери Сюти афзуд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ миёни кишварҳо майдони фарох баҳри омӯзиши таҷрибаи якдигар мебошад. Инчунин вай афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ тадбирҳои судманд анҷом хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки Элисон Мери Сюти, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, муовини раиси гурӯҳи британии парлумонӣ оид ба бемории сил мебошад.
Дар мулоқот мусоҳибон масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан силро тавассути қабули қонунҳои босифат баррасӣ намуда, робитаҳои байнипарлумониро баҳри фароҳам овардани фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ зимни таҳия ва ҷонибдории қонунҳо ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина кодекс ва қонунҳои мушаххас қабул гардидаанд. Зикр шуд, ки чанде пеш нахустин муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси миллӣ ба ҳифзи сиҳатии ҷомеа равона шуда, дар он вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






