ХИРАДМАНДИ БУЗУРГИ ШАРҚ. Ё худ ҷойгоҳи устод Садриддин Айнӣ дар ҷомеаи Қирғизистон . Ба 140-солагии адиб бахшида мешавад

Апрель 10, 2018 17:49

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ 27 (15) апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро  ба дунё омадааст. Устод Айнӣ тайи  16 сол дар  мадрасаҳои Мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтоши Бухоро  таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Дар мавриди рӯзгори устод Айнӣ ва корномаҳои ӯ таҳқиқоти фаровон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон сурат гирифтаву матолиби зиёд ба нашр расидаанд. Дар зер мақолаи муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон, сармуҳаррири нашрияи “Паёми Ала-Тоо” Қодиршои МУРУВВАТро роҷеъ ба ҷойгоҳи устод Айнӣ дар ҷомеаи Қиғизистон пешниҳод менамоем.

Дар Қирғизистони даврони шӯравӣ ва дар замони касби истиқлоли миллӣ низ дар ин давлати ҳамсоя ба шахсияту эҷодиёти адабиву илмии устод Айнӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аслан агар ба робитаҳои халқҳои тоҷик ва қирғиз дар тӯли таърих назар кунем, мебинем, ки ҳусни ҳамҷаворӣ ва рӯҳияи дӯстиву бародарӣ ҳамвора онҳоро ба ҳам наздик сохтааст. Муҳаққиқони таърих ва пажӯҳишгарони қирғиз дар ин росто изҳори назар карда, маншаъ ва қаробати ду халқро дар ҳамосаи қаҳрамонии «Манас» ҷӯё мешаванд. Тибқи ривоёти ин достон, хон Манас духтари шоҳи Бухоро- Саниробиаро ба ҳамсарӣ ихтиёр намудаву бо ҳамин пайванди таърихии ду халқро барқарор менамояд. Дар шароити имрӯзӣ низ қирғизҳо ба ин ҳофизаи таърихӣ (бо вуҷуди шифоҳӣ буданаш) эҳтиром қоил шуда, Саниробиаро (Каникей) ба унвони Модари қавми худ меҳисобанд.

Аслан, тоҷикону қирғизҳо қабл аз барқарории давлати шӯравӣ муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву адабӣ низ доштанд ва мавҷуд будани шумораи фаровони калимаву ибораҳои тоҷикӣ дар фонди  луғавии забони қирғизӣ исботи ин гуфтаҳост. Албатта, пас аз ташкили ҷумҳуриҳои мухтор ва ба дунболи он соҳибихтиёрии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ  робитаҳои адабиву фарҳангии ду халқ  ба сатҳи сифатан нав  баромаданд. Ҳамон солҳо буд, ки ошноии хонандагони қирғиз бо эҷодиёти шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик шакли оммавӣ касб намуд. Охирҳои солҳои бистум ва аввалҳои солҳои  сиюми асри гузашта ҷойгоҳи устод Айнӣ дар адабиёти касирулмиллати шӯравӣ тақвият пайдо карда буд ва осори бадеӣ ва илмиву таърихии эшон дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ низ мунташир мешуданд. Ҳамин буд, ки қишри равшанфикри ин ҷумҳурӣ (Қирғизистон) сараввал аз тариқи мутолиаи тарҷумаҳои  русӣ бо навиштаҳои нависандаи бузурги тоҷик ошноӣ пайдо намуданд. Маҳбубияти асарҳои устод Айнӣ байни ҷомеаи Қирғизистон  боз ба он вобаста буд, ки дар онҳо дар баробари рӯзгори тоҷикон масоили мубрами  дигар халқҳои Осиёи Миёна тасвир ёфта буд. Тавре медонем, дар ибтидои асри XX устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон- Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. Чунин мавқеъгирии ӯ ба Амири Бухоро  маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартоянд ва 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзи  муолиҷа Садриддин Айнӣ худро ба  Самарқанд расонида, аз шарри амири золим ҷонашро мераҳонад. Барои мардуми қирғиз, ки таҳти ҳокимияти хонигарии Хуқанд дар шароити беҳуқуқӣ ба сар мебурд, тасвирҳои устод Айнӣ, қаҳрамонони осораш  ошно ва ба дил наздик буданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Қирғизистон Аалӣ Токомбаев ба муносибати 30-юмин солгарди эҷодиёти устод Айнӣ  дар рӯзномаи давлатии «Қизил  Қирғизистон» (Қирғизистони сурх) паёми табрикиро мунташир намудаву ӯро «хирадманди бузурги Шарқ» ёд кард.

Ҷолиб аст, ки масъулини соҳаи идеологӣ ва фарҳангу адабиёти Қирғизистон ба шахсияти устод Садриддин Айнӣ ҳамвора эҳтирому тавваҷҷуҳи хосса доштаанд. Дар ин ҷо ба муносибати санаҳои таваллуд ва ёдбуди ин чеҳраи тобноки миллати тоҷик ҷашну маросимҳои зиёд доир шудаанд. Нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов соли 1968 мақолаеро бо номи «Ду устод» ба чоп мерасонад. Муаллиф дар ин навишта дидгоҳи худро роҷеъ ба сабк ва услуби эҷодиёти   устод Айнӣ ва нависандаи шинохтаи қазоқ Мухтор Ауезов баён сохтааст. Дар ин ҷо дар мавриди устод Айнӣ Чингиз Айтматов сухан ронда, мегӯяд: «Сабки Айнӣ хеле сода, ором ва бидуни аҷала аст. Аммо хонандаи закӣ дар симои қаҳрамононаш ғиреви одилонаву шӯру ғалаёни бузургро ба сароҳат мебинад ва ин пири хирадманди Шарқ ба ин восита беҳтарин сифатҳои халқро дар марҳалаҳои сарнавиштсоз ва пуртаҳлукаи таърихӣ бароямон нишон медиҳад».

Соли 1978 нависандаи номдори қирғиз Темирқул Уметалиев дар маҷаллаи адабии «Ала-Тоо» ба ифтихори 100-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик  матлабашро таҳти унвони «Нависандаи бузург» ба нашр расонид. Дар он муаллиф перомуни тарҷумаи асарҳои бадеии устод Айнӣ изҳори назар намуда, онро барои пешрафти насри Қирғизистон мусбат қаламдод мекунад. Ба гуфтаи соҳибназарони бахши адабиёти Қирғизистон, тарҷума ва нашри асарҳои устод Айнӣ ба забони қирғизӣ на танҳо ба он ғановат бахшид, балки барои эҷодкорони қирғиз уфуқҳои тозаву фарох боз намуд. Дар ин росто метавон ба мақолаи пурмуҳтавои адиби қирғиз Муҳаммад Догдуров ишора намуд, ки зери унвони «Садриддин Айнӣ» дар Фрунзе (ҳоло Бишкек) ба чоп расидааст. Дар ин таълифи хеш М. Догдуров бо таъкид ба қалами тавонои устод Айнӣ, нақш ва ҷойгоҳи ӯро миёни нависандагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна беҳамто хондааст.

Қобили зикр аст, ки дар асри 20 шахсиятҳои бузурге, чун Сайдриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Аалӣ Токомбаев ва Чингиз Айтматов дар саргаҳи робитаҳои адабии ду халқи бародари тоҷик ва қирғиз қарор доштаанд ва самараи ин алоқаҳоро то замони мо низ метавон эҳсос намуд. Дар ин миён солҳои то 80-уми қарни гузаштаро метавон даврони пурсамари алоқаҳои мутақобили адабӣ ва тарҷумаву нашри осори шоирону нависандагони тоҷику қирғиз қаламдод намуд. Дар ин давра қариб, ки ҳамаи осори устод Айнӣ ва Мирзо Турсунзода ба қирғизӣ тарҷума ва нашр гардид.

Дар ин амр шоирону нависандагони машҳур, амсоли Аалӣ Токомбаев, Муҳаммад Догдуров, Райҳон Шукурбеков, Абдурасул Токтомушев, Чингиз Айтматов, Кубаничбек Маликов, Сооронбай Жусуев, Суюнбай Эралиев, Абдуғанӣ Эркебаев, Асилбек Эшиев, Эгембердӣ Эрматов бевосита саҳм гузоштаанд. Шеъри машҳури инқилобии устод Айнӣ «Марши ҳуррият» аз ҳамон аввал мавриди истиқболи гарми адибони қирғиз қарор ёфт. Онро дар солҳои гуногун ба шеваи хос ва маҳорати эҷодии худ се нафар шоирони машҳури ҷумҳурӣ: Ҷалил Садиқов, А. Иманбаев ва Сооронбай Жусуев ба қирғизӣ баргардониданд. Соли 1955 дар шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) повести «Мактаби кӯҳна»-и Садриддин Айнӣ дар тарҷумаи А. Комилов ба забони қирғизӣ пешкаши хонандагон гардид. Ҷолиб аст, ки ҳамин асари машҳури устод Айнӣ соли 1991 дубора тавассути нависанда ва журналисти шинохтаи Қирғизистон Мирзоҳалим Каримов тарҷума ва ба дасти чоп расид. Бояд гуфт, ки М. Каримов зода ва бузургшудаи ноҳияи Ҷиргатоли (ҳоло ноҳияи Лахши) Тоҷикистон буда, аз айёми хурдсолӣ забонҳои тоҷикиву қирғизиро омӯхтааст. Эшон ин асари устоди адабиёти тоҷикро бевосита аз асл ба қирғизӣ баргардон карда, тавонистааст нафосату зебоии онро бештар риоя намояд. Ин нукта чанд дафъа аз ҷониби мунаққидони қирғизӣ таъкид шудааст. То кунун Мирзоҳалим Каримов ҳикояву повестҳои ҷудогонаи Фазлиддин Муҳаммадиев, Меҳмон Бахтӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов  ва чанде дигар нависандагони муосирро тарҷума карда, дар муаррифии адабиёти навини тоҷик саҳми сазовор гузоштааст.

Романи машҳури устод Айнӣ «Дохунда» аз ҷониби тарҷумони шинохтаи Қирғизистон Т.Баялинов ба забони қирғизӣ баргардон шуд. Соли 1956 ин асар ба дасти хонандагон расида, ҳунари нависандагии устодро ба намоиш гузошт. Ҳамин тавр, қадам ба қадам осори поягузори адабиёти муосири тоҷик ва «пири хирадманди Шарқ» бо теъдоди зиёд чоп шудаву мавриди истиқболи гарми хонандагони қирғиззабон мегардид. Ниҳоят, тарҷумони боистеъдод ва соҳибтаҷриба Талан Шамшиев ба тарҷумаи асари безаволи устод Айнӣ «Ёддоштҳо» (дар тарҷумаи русӣ «Бухара») иқдом намуд. Чопи қирғизии ин асари бузургҳаҷми устод Айнӣ дар доираҳои адабиву фарҳангии Қирғизистони ҳамон давру замон ба унвони ҳодисаи фараҳбахш қаламдод шуд. Ҳамин буд, ки бо Қарори комиҷрояи Шӯрои намояндагони шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Қирғизистон ба ифтихори сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Айнӣ номгузорӣ гардид. Хушбахтона, дар рӯзҳои мо низ ин хиёбон ба номи устод Айнӣ ёд шудаву таҳаввулоти нобасомони ду даҳсолаи охир ба он таъсиргузор набудаанд. Аммо бинобар тасмими мақомоти шаҳрдории Бишкек соли 2010 хиёбони Душанбе (Душанбинская) ба номи  Алиаскар Токтоналиев- ходими  давлатии Қирғизистон иваз карда шуд.

Фаъолони Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ  ба манзури ошноии бештари насли навраси Қирғизистон бо шахсияти устод Айнӣ корҳои муайян анҷом  медиҳанд. Соли 2007 дар Бишкек бо ташаббус ва ҳимояи молии Созмони ба номи устод Рӯдакӣ китобе бо номи «Свет дружбы» (Чароғи дӯстӣ) мунташир шуд. Дар ин таълиф маҷмӯаи мақолаҳо оид ба риштаҳои дӯстии мардумони тоҷику қирғиз гирд оварда шуда буд. Хушбахтона, мақолаи камина (Қодиршои Мурувват) бо номи «Улица Айни в Бишкеке» (Хиёбони Айнӣ  дар Бишкек) ба ин маҷмӯа ворид ва нашр гардид. Дар он навишта кӯшиш ба харҷ додам, ба таври мухтасар ҳам бошад, сокинони пойтахти Қирғизистонро бо шахсият ва бузургии устод Айнӣ ошно созам.

Сентябри соли 2007 дар Бишкек вохӯрии таърихии фаъолони Созмони тоҷикони Қирғизистон бо Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва мо китоби тозанашрро ба эшон шахсан тақдим намудем. Ба дунболи ин банда ба намояндагӣ аз раёсати Созмони тоҷикон дар  рӯзномаи русизабони «Вечерний Бишкек» (“Шоми Бишкек”) матлабе чоп карда, дар зимн пешниҳод намудам, ки дар хиёбони устод Айнӣ лавҳи ёдгорӣ таҳия ва насб карда шавад. Ин ибтикор аз ҷониби нашрия ва масъулони шаҳрдории Бишкек пуштибонӣ ёфт ва фаъолони Созмон бобати амалӣ шудани ин лоиҳа даст ба кор шуданд. Ниҳоят 21 марти соли 2011 маросими кушоиши Лавҳаи ёдбуди устод Айнӣ дар хиёбони ҳамномаш баргузор шуд. Дар он кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, шаҳрдори Бишкек, адибону донишмандони қирғиз, фаъолони Созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ  ширкат намуда, ин иқдомро дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду ҷумҳурӣ ва халқҳои тоҷику қирғиз муҳим унвон намуданд.

Созмони тоҷикон аз тариқи таҳқиқ ин ҷонфидоиву  корнамоиҳои устод Айниро дар таърихи навини Осиёи Миёна таъкид намуда, аз тарафи дигар аз  иваз кардани номи хиёбон ҷилавгирӣ намуд. Тавре дар Қарори шаҳрдории Бишкек омадааст, ин Лавҳи ёдбуд  ба феҳристи ёдгориҳои таърихии шаҳр шомил шудаву таҳти ҳифозати давлат вогузор мешавад. Рӯи мармари сиёҳ  дар канори симои нуронии устод ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ ин матн ҳаккокӣ гардид: «Кӯчаи устод  Садриддин Айнӣ ба ифтихори сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, аввалин Қаҳрамони халқи тоҷик дар соли 1962 номгузорӣ шудааст». Қобили зикр аст, ки ин иқдоми фаъолони Созмони тоҷикон дар расонаҳои чопӣ ва электронии Қирғизистон ва минтақа бозтоби густурда пайдо намуда, гузоришу матолиби зиёд ба нашр расид.

Мавриди зикр аст, ки яке аз дабиристонҳои ноҳияи Қадамҷо, дар вилояти Бодканд  номи устод Айниро ба худ ихтисос додааст. Он дар деҳшӯрои тоҷикнишини Учқӯрғон воқеъ шуда, ба унвони яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимоти миёнаи вилоят ба ҳисоб меравад. Дуруст аст, ки ин боргоҳи илм комилан тоҷикӣ набуда ва дар канори синфҳои тоҷикӣ, боз синфҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ амал мекунанд. Вале ҳар сол дар оғози давраи таҳсил аз ҷумлаи кӯдакони тоҷик ду синф ташкил ёфтаву ба онҳо бо забони модариашон илму дониш дода мешавад. Муаллимону хонандагони дабиристони ба номи устод Айнӣ дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз номи Созмони тоҷикон баромад намуда, бобати ҳифз ва рушди забону фарҳанг, суннату анъанаҳои миллӣ  саҳм мегузоранд. Бинобар фармони Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон соли 2017 ба муаллимаи синфҳои ибтидоии тоҷикии ин дабиристон Ҳурматхон Аҳмадалиева унвони волои «Омӯзгори шоистаи Қирғизистон» ато гардид. Чанд сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нафар омӯзгорони собиқадори ин мактаб- Шарифҷони Учқӯрғонӣ ва Саидазим Пӯлодиро бо медали «Барои хизмати шоиста» сарфароз гардонида буданд. Моҳи майи соли 2012 ба муносибати 60-солагии таъсиси дабиристони ба номи устод Айнӣ маросими густурда доир шуда, аз тарафи Созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ  ба дабиристон 4 компютер ҳадя карда шуд. Рӯзномаи «Паёми Ала-Тоо»- органи чопии созмони ба номи устод Рӯдакӣ як шумораи худро ба дабиристони устод Айнӣ бахшид.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҷлил 140- солагии устод Айнӣ дар сатҳи баланд мавриди ризоят ва хурсандии ҳамаи тоҷикони Қирғизистон гардид. Раёсати Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ  тасмим гирифт моҳи апрели соли равон дар дабиристоне, ки номи Садриддин Айниро ба худ гирифтааст, ҳамоиши илмиву амалӣ баргузор кунад. Вобаста ба ин нашрияи «Паёми Ала-Тоо» дар шумораи охираш таҳти унвони «Ин боғ зи нахли куҳан оростаам» мақола мунташир намуд. Дар он роҷеъ ба талошҳои ин марди хирад барои бақои забону фарҳанг  ва таърихи тоҷикон дар даврони пуртаҳлукаи тақсимоти маъмурии Осиёи Миёна тайи солҳои 20-уми қарни гузашта ҳикоят шудааст.

Қодиршои МУРУВВАТ

 Дар аксҳо:
1. Устод Айнӣ бо шогирдонаш Саид Назар, Маърифат Қозиҷонов ва Раҳим Муқимов. Шаҳри Самарқанд, соли 1950. Сурат аз Бойгонии давлатии Россия.
2. Қодиршои Мурувват дар кӯчаи ба номи Айнӣ дар Бишкек.

Апрель 10, 2018 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид