Имрӯз – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат. Дар Тоҷикистон низоми стандартҳои бехатарии меҳнат ба танзим дароварда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади назорати риояи қонунгузории бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо дар се моҳи аввали соли 2018 дар 354 корхона санҷишҳои давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 1272 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд, ки аз ин 220 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи меъёрҳо тааллуқ дорад. Ин матлабро сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Раҷабов дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра 10 ҳолати ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 2 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 8 нафар ҷароҳати ҷисмонии гуногун бардоштаанд. Зикр шуд, ки дар натиҷаи ин санҷишҳо ба ҷабрдидагон зиёда аз 168 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта ва ҷубронпулии вобаста ба ҷароҳатбардорӣ ва фавт дар истеҳсолот пардохт карда шуд.
Ҳамсуҳбат сабабҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолотро ба пуррагӣ нагузаронидани дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор аз ҷониби шахсони масъули ташкилотҳо (ГОСТ-12.0.004-90), риоя накардани қоидаҳои бехатарии меҳнат, пурра фароҳам наовардани шароити бехатарии меҳнат дар ҷараёни иҷрои кор, нагузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи меҳнат, беҳтар нашудани шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат, дар харҷномаҳои корхонаҳо барои чорабиниҳои ҳифзи меҳнат пешбинӣ нагардидани маблағи зарурӣ вобаста донист.
«Мутаассифона корфармоёни алоҳида, бахусус соҳибкорони инфиродии аз моҳияти қонунгузории ҳифзи меҳнат огоҳӣ надоранд ва дар натиҷа кормандон аз кафолату имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо муқаррар намудааст, маҳрум мегарданд”,-гуфт номбурда ва илова кард, ки соли 2017 Вазорат дар корхонаву ташкилотҳои шаҳри Душанбе мониторинги ташкили Хадамоти ҳифзи меҳнат гузаронид ва дар натиҷа маълум шуд, ки кори ҳифзи меҳнат дар корхонаҳои алоҳида тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба роҳбарони корхонаҳое, ки дар онҳо мониторинг гузаронида шуд, тавсия дода шуд, ки шуъба ва ё бахши ҳифзи меҳнат таъсис дода, воҳидҳои корӣ – муҳандисони техникаи бехатарӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳамшираи шавқат, ки бевосита ба бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва меҳнати кормандон машғуланд, ба он шомил намуда фаъолиятро дар самти ҳифз ва бехатарии меҳнат тибқи Низомнома ва нақшаи кор ба роҳ монанд.
Р. Раҷабов мегӯяд назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст. Агар фаъолият дар самти ҳифзи меҳнат ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад, барои ҳар як корманд шароити хуби меҳнат ва муҳити солими меҳнат фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат таърихи на он қадар тӯлонӣ дорад. Аввалин маротиба иттифоқҳои касабаи корхонаҳои азими Канада ва ИМА соли 1989 бо ташаббус баромад карда, пешниҳод намуданд ки ба хотири коргарони дар истеҳсолот фавтида ва ҷароҳатбардошта Рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат муқаррар карда шавад.
Соли 1996 бо ташаббуси Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат расман таклиф пешниҳод гардид, ки Рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат таъсис дода шавад. Барои гузаронидани ин ид санаи 28 апрел интихоб карда шуд.
Итифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин рӯз чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла конференсияҳо, роҳпаймоиҳо, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо гузаронида аз корфармоён даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити меҳнатии коргарон, ҷиҳозонидани коргоҳҳо бо технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва риоя кардани бехатарии меҳнат дар ҷойи кор тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнати меҳнаткашон бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003 ин сана расман Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат эълон гардида буд. Аз ин лиҳоз бештар аз 100 давлати ҷаҳон ин рӯзро ҳамасола густурда таҷлил мекунанд.
Тавре Р. Раҷабов зикр кард, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз эълон намудани Рӯзи байналмиллалии меҳнат низ ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат ва ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо диққати ҷиддӣ дода мешуд.
«Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар як корманд хеле зарур аст, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷойи кор мегузарад. Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад”,-илова намуд ҳамсуҳбат.
Айни замон дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат тибқи стандартҳои давлатӣ, байнидавлатӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва стандартҳои ташкилотҳо, меъёрҳо ва қоидаҳо (ГОСТ) низоми стандартҳои бехатарии меҳнат «НСБТ» ба танзим дароварда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки назорати риояи меъёр ва тартиби муҳофизати меҳнат дар Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ “Ховар”