КИШТИИ «САДРИДДИН АЙНӢ» ДАР БАҲРИ ЯПОНИЯ ШИНО МЕКАРД! Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ин бора маълумоти бештар ба даст оварданд

Апрель 14, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Акси ин киштиро мо чанд сол қабл дар нигористон (галерея)-и Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд дида будем. Акси пурарзиш, вале дар бораи он муфассал чизе навишта нашудааст. Ва мо ба ҷустуҷӯи маълумоти бештарро оғоз намудем», — нақл мекунанд хабарнигорони АМИТ «Ховар». Инак он чи ки онҳо дарёфтанд.

Садриддин Айнӣ, ки 15 апрели соли равон аз таваллудаш 140 сол сипарӣ мегардад, нависандаи барҷастаи тоҷик, нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аввалин Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Таърихи адабиёти навини тоҷик аз «Марши ҳуррият»-и ӯ оғоз меёбад.

Албатта, ба ҳар як тоҷик ҳанӯз аз китобҳои дарсии мактабӣ маълум аст, ки Садриддин Айнӣ дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (ҳоло ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Падари ӯ, ки дӯстори назм буд, тавонист дар замири нависандаи оянда, ки нав хату савод меомӯхт, муҳаббат ба адабиёт ва илмро  бедор созад. Модари Устод Айнӣ аз деҳаи Маҳаллаи Болои тумани Шофиркон (вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон) мебошад. Соли 1890 бар асари бемории вабо   падару модари Айнӣ пайи ҳам вафот мекунанд. Садриддин аз деҳаи зодбумаш баромада, ба шаҳри Бухоро меравад (сентябри соли 1890) ва дар он ҷо ба мадраса дохил мешавад.

Ҳамин гуна роҳи ӯ ба дунёи бузурги илму адаб оғоз меёбад.

Асарҳои маъруфи Айнӣ инҳоянд: повести «Одина» (Соли 1924 навишта шудааст),  романи «Дохунда» (1934 ),  «Ғуломон» ( 1934), повести  «Марги судхӯр» (1936), «Ёддоштҳо» (1946-1954 ). Воқеан, соли 1950 барои «Ёддоштҳо» С. Айнӣ Мукофоти сталинӣ гирифта буд.      Мунаққидони ғарб повести «Марги судхӯр»-ро дар радифи «Гобсек»-и Оноре де Балзак, ки лауреати Ҷоизаи Нобел мебошад (дар «Марги судхӯр» симои обурангёфтаи Қорӣ Ишкамбаи бухороӣ бо судхӯри ҳоландӣ Гобсек муқоисашаванда аст) қарор додаанд.

Усулҳои муқоисавӣ-типологӣ ба мунаққидони ғарб имкон додааст, ки дар  осори устод Айнӣ мавзӯъ ва образҳои наздик ба қаҳрамонҳо ва ғояҳои асарҳои Рабле, Молйер ва Балзакро пайдо кунанд. Олимони аврупоӣ аҳамияти асарҳои С. Айниро ҳамчун манбаи боэътимод барои омӯзиши ҷомеаи Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри XIX ва оғози асри XX таъкид мекунанд. Ин ҷо месазад мақолаи Манфред Лоренс «Айнӣ ва Ҷумҳурии Федералии Германия»-ро ёдовар шавем.  Дар он муаллиф   таваҷҷуҳи зиёди тарҷумонҳои олмониро ба эҷодиёти С. Айнӣ   зикр намуда, дар бораи таърихи тарҷумаи повести «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ ёдовар мешавад. Аммо ин мавзӯи дигар аст ва мо ягон вақт ба он боз бармегарем.

 Мо мехоҳем ин ҷо дар бораи чанд далоили бузургдошти  хотираи ин нависандаи барҷастаи тоҷикро ҳикоят кунем. Илова бар он, ки дар Тоҷикистон ноҳияи Айнӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, кӯча ва боғи Садриддин Айнӣ мавҷуданд, мо медонем, ки: соли 1958 тамғаи почтавии ИҶШС бахшида ба ин нависанда чоп шуд; сурати Садриддин Айнӣ дар пули 5-сомонӣ (асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз соли 1999 тасвир шудааст; хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Соктареи вилояти Бухоро низ мавҷуд аст; дар Самарқанд на танҳо Хона-музей ва пайкараи Садриддин Айнӣ, балки кӯчае низ ба номи С. Айнӣ   ҳаст; кӯчаи Айнӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон; Театри вилоятии мусиқии драмавӣ ва ҳаҷвии Бухоро ба номи С. Айнӣ; номи нависандаи маъруфи тоҷик ба кӯчае дар Приволжски ноҳияи Қазони Ҷумҳурии Тотористон низ гузошта шудааст.

Аммо дар бораи киштии «Садриддин Айнӣ», ки дар Баҳри Япония зери парчами Россия шино мекунад (аниқтараш – мекард),  одамон маълумоти ночиз  доранд ё умуман воқиф нестанд.

Баҳри Япония — дарёи нимасарбастаи шомили Уқёнуси Ором аст, ки дар байни қитъаи Осиё ва нимҷазираҳои Корея, Сахалин ва ҷазираҳои Россияву Япония ҷойгир аст.

Инак, кишвари Приморски Россия, шаҳри Владивосток, бинои Ситоди асосии Флоти Уқёнуси Ором (ФУО).

Ҷазираи Россия, ки марбут ба ФУО аст, чун яке аз бунгоҳҳои асосӣ, макони зебои ин минтақа ва гӯшаи дӯстдоштаи сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад. Он дар халиҷи Пётри бузурги баҳри  Япония, чанд километр дуртар аз Владивосток ҷойгир аст. Маҳз дар ҳамин ҷо,  чанд сол пеш, мо киштии контейнербари «Садриддин Айнӣ»-ро бо зебоии тамом дидем. Мо онро дар макони истгоҳи асосиаш   дар халиҷи «Золотой Рог» дидем. Киштӣ ба назари мо калон ва зебо намуд, ҳарчанд аён буд, ки он кӯҳнаву фарсуда ва бо ранги сурх аз нав рангуборшуда аст. Киштӣ ба оне монанд буд, ки мо дар нахустин филми ҷангии шӯравӣ «Роҳзанҳои асри 20» («Пираты 20-го века») дида будем.

— На, ин он нест, — фаҳмониданд ба мо дар ФУО. – Он киштӣ сафед буд. Дар наворбардории он филм киштии дигар-«Адмирал Лунин», аз муассисаи киштиронии Азовск истифода шудааст.

-Магар он муассиса ба шумо мансуб нест?

— На, аз Флоти Баҳри сиёҳ аст (Черноморский флот). Он соли 1965 сохта шудааст.

— Фаҳмо. «Садриддин Айнӣ» кай сохта шудааст?

— Соли 1979.  Тӯли ин қадар солҳо «Садриддин Айнӣ» ва «Борис Лавров» контейнер мекашиданд. Онҳо киштиҳои боркашанд, на ҷангӣ.

Воқеан, «Садриддин Айнӣ», «Борис Лавров», «Профессор Воскресенский», «Адмирал Трибуц», «Адмирал Пантелеев»,  «Маршал Шапошников» — инҳо номҳои киштиҳои Флоти Уқёнуси Ором мебошанд.

Инчунин, мо дар бораи киштии «Садриддин Айнӣ» чунин маълумотҳои шиносномавӣ  пайдо намудем:

Лоиҳа: 1588, навъ «Василий Шукшин»

Макони қайд: халиҷи (базаи) Тикси (Владивосток, ФР)

Молик: ҶСК ШК «Арктическое морское пароходство» (ФР)

IMO:  7830997 

Ба қайд гирифта шуд: №: 790535

Феҳрист: РМРС

Формулаи класс:  КМ*Л2 

Аломат: UMWA

MMSI:  273194100

Сохта шуд:  30.11.1979

Макони барориш: Заводи киштибарории «Ока» ВСК ҶИШС (ССЗ №342, корхонаи №31)

Ҳолати кунунӣ: Коршоям.

Ҳамин тавр, «Садриддин Айнӣ» то ҳол коршоям ва фаъол аст, вале акнун бо номи дигар. Раванди тағйири номи шаҳрҳо, нуқтаҳои аҳолинишин, кӯчаҳову хиёбонҳо, ҳавопаймоҳо ва киштиҳо дар мамлакатҳои ИДМ, ба ҷуз асоси воқеии ҳуқуқӣ,  ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад ва ин ҳолат дар Россия низ сурат мегирад.

20 апрели соли 2018 аз тағйири ном кардани киштии «Садриддин Айнӣ» расо ҳафт сол пур мешавад. Номи нави он «Мария» аст.

                                                                                                                Саид АЛӢ,

Бекназари АБӮБАКР,

                                                                                     АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид