Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2018 19:56

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018» ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардид ва афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод.

Рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13, 1 фоиз, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 12,1 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 фоиз, гардиши савдои чакана 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 фоиз таъмин гардидааст.

Даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4, 4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷа ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дар семоҳаи якуми соли 2018 захираҳо ва имкониятҳои ҷойдошта пурра истифода нашуданд, ки дар маҷмуъ барои рушди устувори суръати маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ монеа эҷод кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти пешгирии таъсири хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.

Дар кори маҷлис Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Худоёрзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин мушаххас кардани тартиби нави пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ аст. Ҳамчунин дар лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои хусусияти имлоӣ ва техникидошта пешбинӣ гардидааст.

Сипас оид ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзод ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, аз ҷумла: Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооператсияи матлубот”.

Ҳамчунин дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муҳокима гардида, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрон — маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳракҳо таҳия шудааст, ҳисоботи раисони ноҳияҳо ва Дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати корҳои профилактикӣ дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд барои солимии худ, гузориш дод.

Доир ба вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири он ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ гузориши муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки камобию бебориш шудани рӯзҳои охир ба нашъунамои зироатҳо ва растаниҳои худруй таъсири манфӣ расонд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира кардани хуроки чорво ба хотири аз зимистон беталаф баровардани чорво дастур доданд, ки аз ҳозир тамоми роҳу воситаҳоро истифода баранд. Инчунин супоришҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ, васеъ кардани майдони кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ, мусоидат дар рушду пешрафти минтақаҳо, бахусус дар деҳоти кишвар, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо, ҳамчунин таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.04.2018

Апрель 27, 2018 19:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд