МАРҲАМАТ БА ДАРГОҲИ УСТОД! Имрӯз дар Душанбе осорхонаи Садриддин Айнӣ баъди таъмиру тармими ҷорӣ расман ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Айнӣ ва ба муносибати ҷашни 140 – солагии ӯ, осорхонаи ин адиби бузург барои дўстдоронаш дари худро боз намуд.
Дар таъмиру тармими осорхонаи устод Айнӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ширкати «ТАЛКО» ҳисса гузошта, корҳои таъмиру азнавсозиро дар муҳлати кўтоҳ ба анҷом расониданд.
Дар маросими ифтитоҳи осорхона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарият ва олимони Академияи илмҳо, адибону шоирон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин наберагони устод Айнӣ ва меҳмонон аз Самарқанду Бухоро ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.














КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад






