МАРҲАМАТ БА ДАРГОҲИ УСТОД! Имрӯз дар Душанбе осорхонаи Садриддин Айнӣ баъди таъмиру тармими ҷорӣ расман ифтитоҳ ёфт

Апрель 14, 2018 13:06

ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Айнӣ ва ба муносибати ҷашни 140 – солагии ӯ,   осорхонаи ин адиби бузург барои дўстдоронаш дари худро боз намуд.

Дар таъмиру тармими осорхонаи устод Айнӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ширкати «ТАЛКО» ҳисса гузошта, корҳои таъмиру азнавсозиро дар муҳлати кўтоҳ ба анҷом расониданд.

Дар маросими ифтитоҳи осорхона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарият ва олимони Академияи илмҳо, адибону шоирон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин наберагони устод Айнӣ ва меҳмонон аз Самарқанду Бухоро ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Апрель 14, 2018 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»