Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин
ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбии ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба даст омаданд, баҳри идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла “Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар” — ро махсус таъкид намуданд.
Зимни мулоқот инчунин масъалаи баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар доираи ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар он рушди маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мегардад, муҳокима карда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, диверсификатсияи тиҷорат миёни ду кишвар, рушди муносибатҳои байни минтақаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва саноати сабук, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва туризм, кишоварзӣ, инчунин дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои алоқа, нақлиёт, транзит, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳсилоти олӣ, аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳм ва нақши Ҷаласаи охирини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои идомаву тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба хотири аз байн бурдани тамоми монеаҳои роҳи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






