Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки ба ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкории минтақавӣ нигаронида шудаанд, махсус таъкид карданд.
Вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистон ва минтақа, аз ҷумла, дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистон низ дар меҳвари мулоқот қарор дошт.
Роҷеъ ба ин мавзуот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ зикр намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






