Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.
Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.
Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз “меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати чунин сиёсати давлати мо қарор доранд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






