ОИНАИ ОЯНДАНАМОИ КӮДАК. Падару модар сарчашмаеанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо мешавад

Апрель 3, 2018 12:06

Ҳар як фарзанд барои инкишофи дурусту муносиб ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзманд аст. Ҳар як амали номуносиби падару модар метавонад боиси халалёбии рафтори фарзанд гардад. Дар оилае, ки муносибати ҳамсарон мусолиҳатомез ва ботаҳаммул аст, фарзандон тарбияи хуб мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бузургон оиларо оинаи кӯдак ном бурдаанд. Ӯ дар ин «оина» ояндаи худро мебинад, барои муносибатҳои шахсии худ дар оянда тарҳ месозад. Дар тарҳи сохтаи кӯдак тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори манфию мусбати волидайн инъикоси худро меёбанд. Маҳз ба хотири аз таълиму тарбияи дуруст бархурдор будани ноболиғону наврасон ва аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бархурдор гардидани волидайн Ҳукумати мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд.

Таъмин намудани риояи қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонон, аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, назорати сифати таълиму тарбия ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад. Вобаста ба сатҳи амалишавии қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ ва иҷрои он аз ҷониби падару модарон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдусаттор ФАТТОЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Муҳаммад Ғаззолӣ гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун». Андешаи Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

Ф.Абдусаттор: Дар ҳамбастагӣ ба суханҳои Ғаззолӣ Саъдӣ низ мегӯяд, ки:

Чӯби тарро чунонки хоҳӣ тофт,

Нашавад хушк ҷуз ба сӯхтан рост.

Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки баробари инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқие, чун «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ таълиф гардиданд, ки саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд. Сарвари давлат соли 2011 зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфта буданд, ки «ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатие аст, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем». Ба ин хотир тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад. Шароити кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи нав дар ҷаҳони имрӯза то андозае тавонистааст, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният таъсири худро расонад. Аз ин раванд Тоҷикистон низ истисно нест. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар омилҳо ба таълиму тарбия низ таъсири худро мерасонад.  Албатта, ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта будан боиси ифтихор аст. Вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад.

АМИТ «Ховар»: Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз чӣ гуна аст ва то чӣ андоза аз ҷониби волидон ин қонун риоя мегардад?

А.Фаттозода: Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд, то мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозил тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд. Ба ин хотир ҳам таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа сол аз сол зиёд мегардад. Дар қонуни мазкур зикр шудааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд. Таъмини моддии фарзанд ва бо таълиму тарбияи нек фаро гирифтани ӯ вазифаи аввалиндараҷаи падару модар аст ва аз нигоҳи қонун онҳо барои иҷрои ин амалҳо масъуланд. Ба ибораи дигар, ба камол расондани фарзанд ва дар доираи ахлоқи нек тарбия кардани ӯ вазифаи бевосита ва муҳими волидайн мебошад. Аслан агар хуб назар андозем, қабул шудани ҳар як қонун дар ҷомеа, пеш аз ҳама, талаботи ҳамон ҷомеа аст. Ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ яке аз қонунҳое мебошад, ки Тоҷикистон ба он ниёз дошт. Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд». Пас аз қабул гардидани ин қонун дар ҷумҳурӣ масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд хеле бештар ва муассиртар шуд. Агар ба дурнамои он нигарем, нисбат ба даврае, ки ин қонун амал намекард, имрӯз падару модарон масъулияташон дучанд шудааст. Метавон гуфт, ки имрӯзҳо падару модарон масъулияти худро дар назди фарзандони худ баръало эҳсос мекунанд. Вале бо вуҷуди ин, риояи қонуни зикршуда ҳанӯз ҳам ба меъёри рафтори волидон ва омӯзгорон табдил наёфта, аз ҷониби онҳо дар бисёр ҳолатҳо сарфи назар мегардад, ки ин боиси содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Тамоюли сатҳи ҷинояткорӣ имрӯз миёни наврасону ҷавонон дар кадом вазъ қарор дорад?

А.Фаттозода: Новобаста аз ғамхорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти тарбияи насли наврас ҳоло ҳам ноболиғону ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва амалҳои номатлуб даст зада, бо ин кирдори худ шаъну шарафи ҳамсолонашонро паст мезананд. Агар ба омор назар афканем, дар 12 моҳи соли сипаригардида дар 690 ҳолати содирнамоии ҷиноят 683 нафар ноболиғон иштирок намудаанд, ки аз инҳо 111 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 нафар хонандагони муассисаи миёнаи махсус буда, 563 нафарашро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба кор ва хондан машғул нестанд.

Бояд зикр намуд, ки вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон сол то сол рӯ ба пастшавӣ меорад. Ҳамчунин аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои рушди неру, илму дониш, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, тайёр намудани мутахассисони ҷавон, инчунин тарбияи наврасону ноболиғон, ки онҳо неруи тавоно, бунёдгузор ва ояндасози ҷомеаи фардо ба ҳисоб мераванд, тақозо менамояд, ки дар тарбияи насли наврас бетараф набошем. Зеро муоширату муносибат, рафтору гуфтор ва амалу кирдори наврасону ҷавонон сол аз сол мураккаб гардида, дар назди сохторҳои марбута вазифа мегузорад, ки вобаста ба он тадбирҳои судманд андешида шаванд.

АМИТ «Ховар»: Хадамот баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷангҳои гурӯҳӣ байни мактабиён чӣ корҳоеро ба анҷом расонида истодааст?

А.Фаттозода: Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон дар давоми соли ҷорӣ зиёда аз 3994 маротиба амалиёти муштараки пешгирикунанда баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонон доир намуд. Соли 2017 аз тарафи Вазорат нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани амалиёти рӯзона ва шабона ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла, дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғон тартиб дода шуда, амалӣ карда шуд. Дар натиҷа 16 823 нафар падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар назди қонун иҷро накардаанд, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудаанд.

Бояд зикр намоям, ки ҳоло ҷаҳони муосир бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯст. Баъзе аз ин хатарҳо ба Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонанд. Аз ҷумла, шомилшавии наврасону ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои бегона ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ пайрави чунин ҳизбу ҳаракатҳо шудаанд. Ин раванд бисёр нигаронкунанда буда, омили асосӣ дар нооромии кишвар ва минтақа хоҳад гашт. Миёни мардум, хусусан ҷавонон бояд бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гарданд, то мардум бидонанд, ки мақсад аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ чист.

Аз фурсат истифода бурда, аз падару модарон ва омӯзгорон даъват ба амал меорам, ки биёед, дар таълиму тарбияи фарзандонамон бетараф набошем ва онҳоро доимо таҳти назорат гирем. Зеро ҳар як кирдори номатлуб ба ояндаи онҳо доғ оварда, обрӯи волидон, мактаб ва ҷомеаро коста мегардонад.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд