Осорхонаи Мусаввар Минаков дар ноҳияи Рӯшон дар тарбияи хештаншиносии наврасону ҷавонон саҳмгузор аст
РӮШОН, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон бо ташаббуси ҳофиз, Арбоби маданияти Тоҷикистон Мусаввар Минаков соли 2008 таъсис дода шудааст, ки дар он суратҳои қадимиву одамони баруманди диёр, асбобҳои мухталифи мисиқӣ, кӯзаву лавозимоти қадимӣ, коркарди пашм, чӯб, палос, гилем ва расмҳои кашидаи рассомони номии Тоҷикистон, китобҳои тақдимшуда, либосҳои қадимӣ, ҷӯробу курта, ашёҳои қадимӣ, аз қабили белу табақ, қошуқу пиёлаҳои чӯбин ва дигар асбобу анҷоми хоҷагии қадимӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Мудири осорхона Нуриддин Минаков пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 сармашқи кори худ карда, нигораву бозёфтҳои зиёде ҷамъ овардааст. Ӯ ният дорад, ки бинои осорхонаро, ки фақат аз як хонаи урфӣ иборат аст, дар оянда васеътар намуда, бо ин мақсад таърихи диёрро бештар омӯзад. Зеро паҳлӯҳои зиёди таърихи диёр ҳанӯз норавшан мондаанд ва мебояд онҳоро омӯхта, пешкаши ҳаводорону меҳмонон гардонид.
«Хушбахтона, солҳои охир бисёр сайёҳони хориҷӣ аз осорхона дидан мекунанд. Ҳамчунин осорхона дар тарбияи хештаншиносии наврасону ҷавонон саҳмгузор буда, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 аз он ба таври васеъ истифода мекунанд. Вазифаи ҷонии худ медонам, ки кори оғозкардаи падари бузургворамро идома дода, теъдоди нигораву бозёфтҳои осорхонаро афзун гардонам»,- гуфт Нуриддин Минаков.
Ба иловаи ташкили кори осорхона, Нуриддин Минаков ба сохтани асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ ва дару тиреза машғул буда, дар ривоҷи коркарди чӯб низ саҳми арзанда мегузорад. Рубобу сетор, танбӯру дафи сохтааш алҳол зеби осорхона шуда, бештари онҳо аз ҷониби ҳаводорони санъати мусиқӣ харида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






